نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Профессор Даниил Семёнович Комиссаров аз шахсиятњои машњури эроншиносї дар Иттињоди Љамоњири Шўравии собиќ ва љањон аст, ки дар тањќиќ ва интишори адабу фарњанги форсї, бавижа адабиёти муосири Эрон сањми шоёне дорад. Комиссаров дар бораи адабиёти навини эронї дар дањањои 30-70 мелодї пажўњишњои арзишманде анљом дод, ки аз тарафи эроншиносони бузурги Аврупо мавриди таваљљуњ ќарор гирифт. «Пажўњиш дар таърихи насри достонии муосири Эрон» унвони нахустин рисолаи Комиссаров аст, ки дар сол 1960 мунташир шуд. Аз дигар рисолањои ў метавон ба «Содиќи Њидоят, ањвол ва осор» ва «Адабиёти форсї» ишора кард. Ў њамчунин пажўњишњое дар бораи адабиёти равшангарої дар Эрон ва намояндагони барљастаи ин љараён ва низ таъсири реализм дар адабиёти муосири Эрон ва вижагињои романи иљтимої анљом додааст. Бахше дигар аз пажўњишњои Комиссаров ба баррасии равобити адабию фарњангии Русия ва Эрон ва таъсирпазирии мутаќобили нависандагон ва шуарои рус ва эронї аз якдигар ихтисос дорад. Вай дар китобе бо номи «Перомуни адабиёти имрўзи Эрон» ва дар рисолае бо унвони «Авомили густариш ва такомули адабиёти навини Эрон» ба масоили умдаи адабиёт ва фарњанги навини Эрон пардохтааст. Рисолаи бисёр арзишманди «Таърихи адабиёти форсї дар садањои 19-20», тарљумаи достонњои кўтоњи Содиќи Њидоят ва тарљумаи достонњои Бузурги Алавї, Содиќи Чўбак ва Љамоли Мирсодиќї ба њамроњи шарњи ањвол ва сабку шеваи њар нависанда ба забони русї мањсули рўзгори пирии ин эроншиноси барљаста аст.
کلیدواژهها [English]