نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар таърихи Осиёи Миёна оѓози ќарни бистум мусодиф бо бедории фикрї ва озодихоњии халќи тољик аст, ки ба љунбиши маорифпарварї мавсум аст. Донишмандон ва адибони мутааддиде дар инќилоби фикрии равшанфикрони тољик асаргузор будаанд, ки аз муњимтарини онњо метавон ба Ањмад-махдуми Дониш, муаллифи “Наводир-ул-ваќоеъ” ва Зайнулобидини Мароѓаї, муаллифи “Саёњатномаи Иброњимбек” ишора кард. Яке аз осори муњимме, ки дар он давра ба равшангарон ва адибони тољик таъсири пурсамар расонда, “Мусулмонони дорурроњат”- таълифи Исмоилбеки Ѓаспаронї аст. Исмоилбек донишманд, адиб, рўзноманигор ва маорифпарвари тотор буда, ки бо фаъолиятњои густардаи маорифпарварї ва ѓояњои ислоњотхоњияш дар байни ањли илму адаб шуњрати зиёде пайдо кардааст. Вай бо фаъолиятњои пурсамари иљтимої ва низ бо осори барљастаи бадеї ва хусусан рўзномаи “Тарљумон”, ки 31 сол муњаррири он буд, дар бедории фикрии равшанфикрони Осиёи Миёна наќши басазое доштааст. Таъсири андешањои пешќадами Ѓаспаронї дар эљодиёти адибони дигар, мисли Мањмудхоља Бењбудї, Мирзоабдулвоњиди Мунзим, Аљзии Самарќандї ва... инкорнопазир аст. Дар миёни осори бадеии Ѓаспаронї романи “Мусулмонони дорурроњат” њам аз њайси мавзўъ ва дарунмояи иљтимої ва њам аз назари шакли адабї маќоме барљаста дорад. Ин асар дорои арзишњои пурќимати умумибашарї ва барои њамаи мусулмонон намунаи ибрат аст. Ба ин тартиб афкору аќоиди пешќами Ѓаспаронї ва маромномаи халлоќаи ў њам дар адабиёти давраи љадидия ва њам дар осори адибони давраи шўравї муассир буда ва ба ривољи равобити адабии мардуми тољик ва тотор мусоидат кардааст.
کلیدواژهها [English]