نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Љунбиши маорифпарварии тољик пеш аз њама ва беш аз њама дар адабиёти бадеии он наќшу нуфуз доштааст. Љойгоњ ва маќоми назми классикро низ дар адабиёти маорифпарварии тољик наметавон нодида гирифт. Ин маќола бо њадафи баррасии афкори маорифпарварї дар ашъори Аљзї ба нигориш даромадааст. Сиддиќхољаи Аљзї аз мардони баргузидаи мактабу маорифи навини тољик дар ибтидои асри бистум аст. Ў, ки аз љавонї ба шеъру адаб алоќа дошт, бо таъсиси мактаби усули нав дар рустои худ ќадам дар арсаи маорифпарварї нињод. Ў, ки дар ѓазал пайрави назми Бедил буд, аз нахустин шоиронест, ки мафоњиму мавзўъоти љадидро дар чорчўб ва шакли ѓазалњои ќадим ворид кард. Вай бо аќида ва оњангњои маорифпарварї ба назми классики тољик нафаси тоза овард, мавзўи шеърро бо талаботи замони худ мувофиќ сохт ва дар шакли бадеї ва мазомини назм тозгињои махсус дохил кард. Назми наве, ки дар адабиёти маорифпарварии тољик маќоми намоён ишѓол карда, пеш аз њама бо номи Аљзї аљин аст.
کلیدواژهها [English]