نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Рўзномаи «Бухорои шариф» аввалин матбуоти форсии Варорўд ва нахустин рўзнома ба забони форсии тољикї аст, ки ба саъю кўшиши Мирзо Муњиддин ва Мирзо Сирољ ва ба сардабирии Мирзољалол Юсуфзода дар аморати Бухоро арзи њастї кардааст. Ин маќола, ки бо њадафи баррасии фаъолиятњои гуногуни ин рўзнома ва сардабири он ба нигориш даромадааст, беш аз њама ба маълумоти Садриддин Айнї ва дар марњалаи нав ба маќолањои устод Валї Самад такя дорад. Дар хусуси бедории фикрии мардум ва худшиносии миллии тољикон дар асри љадид наќши рўзномаи «Бухорои шариф»-ро наметавон нодида гирифт; Њол он ки бо камоли таассуф, ин рўзнома ва ба таври куллї таърихи матбуоти адвории Осиёи Миёна дар ибтидои садаи бистум, чунонки бояду шояд, аз тарафи муњаќќиќон мавриди таваљљуњу баррасї ќарор нагирифтааст. Иттилооте њам, ки дар бархе аз рисолањо дар ин замина ёфт мешавад, дар бештари маворид фоќиди њаќиќатњои таърихиянд. Дар ин маќола зимни муаррифии бархе аз ин пажўњишњои камэътибор, анљоми пажўњишњои жарфу даќиќ дар ин замина амре зарурї талаќќї шудааст. Дар идома низ бо табйини силсиламќолањои сардабири рўзнома Мирзољалол, ба наќши ў дар љараёни маорифпарварї ва ислоњот таъкид шудааст. Нигоранда дар поён ба ин натиља расидааст, ки рўзномаи «Бухорои шариф» ва сардабири равшанфикри он–Мирзољалол дар тасвиру баёни дардњои замину замони Бухоро, бедорї ва худшиносии миллии тољикон наќши бисёр муассире доштаанд, ки тањќиќоти љиддї дар бораи он аз вазифањои аслии рўзноманигорон ва адабиётшиносон аст.
کلیدواژهها [English]