نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Љунбиши љадидия, ки дар ибтидои ќарн бистуми мелодї дар Осиёи Миёна мунташир шуд, дар воќеъ идомаи мантиќии ѓояњои тараќќипарвари маорифпарварони нимаи дувуми ќарни нуздањум аст. Ин маќола бо њадафи баррасии сайри татаввури ин љунбиш ва паёмадњои он ба нигориш даромадааст. Тибќи навиштањои Садриддин Айнї тањти таъсири матбуоти форсї ва туркї ва њамчунин инќилобњои Русия, Туркия ва Эрон дар Осиёи Миёна љавононе пайдо шуданд, ки хостори дигаргунии низоми сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангии кишвар шуданд. Ин љавонон пас аз фољиъаи шиа ва суннии ибтидои соли 1910 м. дар шањри Бухоро дар паи таъсиси созмони махфие ба номи «Тарбияти атфол» баромаданд, ки њадафаш ташвиќу тарѓиб ба ислоњоти умумї буд. Ба раѓми талошњои идораи сиёсии рус барои таътили фаъолиятњои созмони «Тарбияти атфол» ин созмон то Инќилоби феврали сол 1917 м. ба фаъолиятњои худ идома дод. Пас аз Инќилоби феврали 1917 м. дар Русия фаъолияти сиёсии љадидон– Љавонбухориён ављ гирифт. Аммо ин гурўњ муддате баъд ба таъќибу шиканљаи амир гирифтор омаданд. Дар соли 1918 м. гурўњи чапи Љавонбухориён бо њамдастии давоири коммунисти Бухоро бар асоси барномаи њизби коммунисти Русия ташкил шуд. Дар соли 1920 м. гурўње аз љадидон дар шањри Тошканд фирќаи Љавонбухориён- инќилобиюнро таъсис карданд, ки ин фирќа дар њамон сол ба њизби коммунисти Бухоро пайваст ва ба ќудрат расид. Аммо аз он љо, ки њизби болшевикон тањаммули њељ њизби дигареро надошт, камар ба нобудии љадидон баст. Чунонки мушоњида мешавад, љунбиши љадидия дар тўли њаёти хеш мароњили мухталиферо тай кардааст, ки то муддатњо ба далели назари манфии љаноњи њоким нисбат ба он аз љониби олимони љомеашиноси тољик мавриди тањќиќ ќарор нагирифт. Аммо дар соли 1988 м. дар Тошканд љаласае дар бораи ин љунбиш баргузор шуд ва ширкаткунандагон ба ин љамъбандї расиданд, ки љунбиши љадидия дар таърихи афкори сиёсї ва иљтимоии Осиёи Миёна воќеае пешрафта буда ва бо вуљуди мањдудиятњои таърихї ва зиддиятњояш дар бедорї ва худогоњии љомеа наќши барљаста доштааст.
کلیدواژهها [English]