نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه روزنامهنگاری دانشگاه ملّی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Сайидризо Ализода яке аз саршиностарин равшанфикрон ва маорифпарварони тољик аст. Ў дар соли 1887 мелодӣ дар ноњияи Боѓи Шамоли Самарќанд дар хонаводаи њунарманд ба дунё омад. Дар њамин шањр касби илм кард, забонњои гуногун (њудуд њафт забон)-ро омўхт ва бо матбуоти Эрон ва Озарбойљон ва дигар мамолики шарќ ошної пайдо кард. Ализода аз рўзњои нахусти таъсиси нашрияњои маорифпарвари тољик “Самарќанд” ва “Оина” ба унвони масъули бахши тољикӣ ифои вазифа мекард ва дарди форсизабонони Осиёи Миёнаро ба рўйи сафња меовард. Ў бештар ба масоили мактаби форсизабонон таваљљуњ нишон медод ва дар ин нашрияњо мушкилоти ин мактабњоро баррасӣ мекард. Таъсиси давлати Шўравӣ, ки ба баробарии њуќуќи њамаи миллатњо ва таъсиси мактаб, матбаа ва матбуот ба забони миллӣ таъкид мекард, таваљљуњи Ализодаро бештар ба худ маътуф дошт. То ин ки дар соли 1919 мелодӣ ба нашри нахустин њафтаномаи тољикї “Шуълаи инќилоб” мубодарат кард. Њадафи аслии ин рўзноманигори адолатпарвар њидояти њаммиллатон ба омўхтани илм ва маорифи замон ва ислоњи њарчи сареътари камбуд ва норасоињои њаёти иљтимої буд. Бештар маќолањое, ки вай ба нигориш дароварда, дар ростои тањаќќуќи ин ањдоф аст. Ў њамчунин ба унвони дабири масъул дар табъ ва нашри нахустин рўзномаи тољикӣ ба номи “Овози тољик” (1924) ва дар таъсиси Нашриёти давлатии Тољикистон (1925) фаъолона ширкат доштааст. Ализода муаллифи китоби нахустин алифбои тољикии давраи Шўравї ва сарфу нањви тољикӣ низ аст.
کلیدواژهها [English]