نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار و پژوهشگر هنرهای نمایشی
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бо њадафи муаррифии устоди сањнаи тољик ва Ҳунарманди шоистаи љумњурии Тољикистон, Мањмуди Искандар Тоњирї ба нигориш даромадааст. Тоњирӣ ба соли 1925 мелодӣ дар шањри Машњад ба дунё омада ва айёми туфулиятро дар ин шањри азими санъатї, тиљоратї ва фарњангӣ гузарондааст. Вай дар соли 1943 мелодӣ риштаи њунари театрро дар Машњад ба итмом расонд. Ин солњо дар њаёти сиёсии Эрон солњои пуртуѓёни сиёсӣ мањсуб мешавад. Дар њамин замон аст, ки дасти њаводис Мањмуд Тоњириро ба шањри Бокуи Ҷумњурии Озарбойљони шўравї меовард. Ў дар ин шањр низ ба иртиќои мањорати њунарї ва дониши њирфаии хеш мепардозад ва барои идомаи мањорати бозигарї ва фаъолияти доимї ва њирфаӣ ба театри Лоҳутӣ даъват мешавад. Вай солњои тўлонӣ дар театри давлатии академӣ-драммавии Абулќосим Лоҳутӣ фаъолият карда ва симоњои барљаста офаридааст. Њунарманд аз овони љавонӣ бо шањри Душанбе ва мардуми Тољикистон пайваст ва Тољикистонро ватани хеш шумурд. Устоди сањнаи театри драммаи тољик, Мањмуд Тоњирї, ин њама эњтиром ва ихлоси мардуми тољикро дар натиљаи саъй ва талоши пурсамари эљодї ва самимияту садоќаташ ба њунару фарњанги мардуми бумии ин сарзамин сазовор шудааст. Сањми ў дар рушди телевизион ва радио низ назаррас аст. Нигоранда дар ин маќола пас аз тањлил ва баррасии бархе аз муњимтарин наќшњои ин њунарманд дар сањнаи театр, ба ин натиља расидааст, ки Тоњирӣ дар санъати театри тољик маќоми вежа дорад. Ў дар ин љода тавонистааст пайроњаи худро бигушояд ва пайравони зиёде пайдо кунад.
کلیدواژهها [English]