نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد و پژوهشگر
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар авосити ќарни њаждањи мелодї Осиёи марказї ба њуљуми Нодири Афшор дучор шуд. Нодиршоњ дар муњорибањои Ќафќоз, Афѓонистон ва Њиндустон зафар ёфт ва дар соли 1740 мелодӣ аз роњи Балх ва Чорљўй вориди Мовароуннањр шуд. Баъд аз ин воќеаи таърихї ва дар натиљаи фаъолияти маънавии эрониёни муњољир дар Осиёи марказї истилоњи «эрониёни муњољир» ба вуљуд омадааст. Фарњанги эрониёни муњољир яке аз ќисмњои таркибии фарњанги миллии ин сарзамин аст ва ин водор менамояд, ки аз дидгоњи фарњангшиносї мавриди тањќиќ ва баррасии илмӣ ќарор гирад. Дар ќарни нуздањум ва каме ќабл аз он, дар натиљаи порае љангњо ва вуљуди равобити тиљорї бархе аз эронињо ба тамоюли хеш ба Осиёи марказї азимат карданд ва дар пайи он дар шањрњои Бухоро ва Хева табаќаи эрониёни муњољир шакл гирифт. Эрониён зимни пазириши баъзе хусусиятњои фарњанги љомеаи мизбон, бархе вуљўњи фарњанги муоширати эронї мисли боадабї, риоят шарт ва одоби муошират ва зоњири ороста, шевањои салом ва ташаккури эронї, бахшиш ва...ро дар Осиёи марказї ривољ доданд. Дар соли 1890 мелодӣ, дар Ишќобод эрониён њусайния сохтанд ва дар он љо маросими динии худро баргузор мекарданд. Мањаллањое, ки эрониён дар он љо зиндагї мекарданд, «эронмањалла» номида мешуд, ки њар сол дар ин мањалла маросими азодорӣ дар айёми муњаррам баргузор мегардид. Ба ин тартиб, фарњанги “Ошӯро” дар Осиёи Миёна нуфуз пайдо кард ва дар вањдати мусулмонон наќши муњиме ифо намуд.
کلیدواژهها [English]