نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирзомуњаммади Охундзода мутахаллис ба «Бањром Сирус» ба соли 1885 мелодӣ дар шањри Ланкарони Ҷумњурии Озарбойљон чашм ба љањон гушўд. Вай яке аз бунёнгузорони «Ҳизби коммунисти Эрон» аст, ки дар тўли солњои 1920-1925 мелодӣ борњо тавќиф ва зиндонӣ шудааст. Сирус пас аз ворид шудан ба узвияти Ҳизби коммунисти Иттињоди шўравї барои кор дар њайати дафтари Осиёи миёнагии кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттињод шўравї ба шањри Тошканд фиристода мешавад. Ў аз соли 1930 мелодӣ ба баъд дар Тољикистон ба сар бурда ва дар солњои 1930-1940 мелодӣ муњаррири масъули шуморе аз нашриёти Тољикистон, корманди масъули Вазорати маорифи халќи Тољикистон, раиси Пажўњишгоњи тањќиќоти илмӣ ва раиси Китобхонаи давлатии Абулќосим Фирдавсии Тољикистон мешавад. Сирус аз соли 1941 мелодӣ ба баъд бештар ба фаъолиятњои илмӣ мепардозад. Осори илмї ва тањќиќотии Бањром Сирус бештар дар бораи масоил умдаи назарияи илми арўз ва ќофия ва назми форс-тољик будааст. Аз осори ў дар ин замина метавон ба “Қофия дар назми тољик оид ба шеър нав”, “Вазни шеърњои фолклорї” ва... ишора кард. Ў њамчунин ба унвони яке аз матншиносони барљастаи тољик дар тањия ва нашри осори бархе шоирони форсигўй сањми арзанда дорад. Бањром Сирус аз ибтидои солњои дањаи 30-юми ќарни гузашта ба шеъргўї рўй овард ва маљмўаи ашъораш ба соли 1975 мелодӣ ба табъ расид.