نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
پژوهشگر
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ҳасан Ирфон, мутарљим ва рўзноманигори маъруф, зода ва парвардаи яке аз марокизи асили фарњанги форсизабонон, яъне Самарќанди бостон аст ва дар он љо рушду камол ёфтааст. Китоби ёддошт “Дар кулбаи косибон”, ки дар синин камолоти Ҳасан Ирфон таълиф шуда, манбаи пурарзише доир ба авзои иљтимої, сиёсї ва иќтисодии Самарќанди оѓози садаи бистум ва дорои маълумоти гаронбањое дар бораи шахсиятњои маъруфи он замон касоне мисли Атоуллоњхон, табиб афѓонї, шайх Абулќосим, Сайидризо Ализода, Абдулќодири Шакурї ва... њамчунин равшангароёни шинохтаи Самарќанд ва макотиби усули нави онњо ва мушкилоти љорӣ кардани усули навин дар байни мардум ва муќовамату муќобилаи муњофизакорон бо тараќќихоњон аст. Њасан Ирфон дар солњои аввали таъсиси њукумати Шўравї дар нахустин нашрияи форсизабонони Осиёи Миёна “Шуълаи инќилоб” ба унвони мутарљим ифои вазифа кардааст. Вай њамчунин ба ҳайси мутарљими хушсалиќаи бархе осори адибони маъруфи дунёро ба тољикӣ баргардонда ва дар ошноии хонандагони тољик бо бењтарин намунањои насрӣ хидмати арзандаеро ба сомон расондааст.
کلیدواژهها [English]