نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар таквини забони форсии дарї, забони классикии мардуми тољик ва форсизабонон дар сарзамини Бухоро ё шарќи эронзамини таърихї сањми уламои арабнажоди мусулмон бисёр зиёд аст. Зеро онњо бо њамдастии донишмандони эронинажод аз байни забонњои форсии миёна, лањљаи порсии дариро баргузида ва дар ѓанӣ кардани захираи луѓавї ва иртиќои маќом ва манзалати ин забон кўшишњои бисёре ба харљ доданд, ки аз ин забон дар илм забоншиносӣ бо истилоњи «форсии нав» ёд мешавад. Нигоранда муътаќид аст, ки тарљума ва тафсири Ќуръон ва ба љо овардани маросим ва ибодоти динӣ ба забони порсии дарї ва дигар забонњои ѓайриарабӣ тавонистааст ба густариши њамаљонибаи шаръи Муњаммадӣ дар дигар мамолики шарќу ѓарб мусоидат кунад. Аз њамин рӯ, ин сиёсат дар сарзамини тољикон низ мавриди истифода ќарор гирифт. Аз сўи дигар, вуруди ислом ва оини боадолати дини мубини ислом буд, ки нобаробарї ва беадолатиро дар љомеаи он рўзи Эронзамин аз байн бурд ва ба мардуми омї ва зањматкаш њаќќи моликият ва озодї дод. Бинобарин, аљдоди тољикон ва дигар мардумон эронинажод аз дилу љон исломро пазируфтанд. Нигоранда дар поён ба ин натиља расидааст, ки дини ислом дар таквини тамаддуни халќи тољик ва худшиносии миллї ва таъсиси давлатњои пурќудрати тољикон ва аќвоми эронї хидмати арзандаеро ба љо оварда, ки намунаи он ташкили давлати Сомониён ва ба вуљуд овардани забони форсии нав аст.
کلیدواژهها [English]