نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар асри њозир харид ва фурўши ахбор навъе таомули бисёр роиљ мањсуб мешавад. Дар бозори иттилоотии Тољикистон имкони таъсиси нашрия дар муќоиса бо радио ва телевизион бештар аст. Чаро ки аввалан таъсиси рўзнома бо маблаѓи на чандон зиёд имконпазир аст ва сониян таъсиси ширкатњои телевизионӣ чандон мавриди таваљљуњи медиа-магнатњо (ширкатњои сармоягузор) нест. Шоёни зикр аст, ки Ҷумњурии Тољикистон барои љалби сармояи хориљӣ дар арсаи иттилоърасонӣ шароити мусоид фароњам карда ва дар модаи 34 Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи иттилоот» таъкид шуда, ки иттилооти айнии њуќуќи моликияти давлат, шахсони њуќуќї ва воќеї аст ва ин иттилоот метавонад истифода шавад ё ихтиёрдори айнии њуќуќи моликият бошад. Дар хусуси арзёбии иттилоот њамчун моликият ва мавриди муомилаи пулї ва молӣ ќарор гирифтани он низ дар модаи 35 ќонун омадааст, ки мањсулоти иттилоотӣ ва хидматрасонии иттилоотии шањрвандон ва ашхоси њуќуќие, ки ба фаъолият машѓуланд, метавонанд айнияти муносибатњои молӣ шаванд, ки тибќи ќонунгузории шањрвандї ва дигар ќонунњои љорӣ танзим мешаванд. Бинобарин, ба бовари нигорандаи маќола расонаи хабарӣ бояд дар бозори иттилоот пешќадам ва раќобатпазир бошад то аз ин манобеи сармоягузорӣ ба хубї истифода кунад ва бо љалби таблиѓ таваљљуњи муштариёнро ба худ маътуф намояд. Дар поён низ ин натиља њосил шудааст, ки бо таќозои замон ва раванди иќтисоди бозаргонї, матбуоти Тољикистон бояд равиши кори худро таѓйир дињанд. Таљрибаи давлатњои мутамаддин нишон додааст, ки фоида аз расонањои хабарӣ ва фановарии иттилоотӣ на танњо соњибони онњо, балки буљаи давлатро низ ѓанӣ мекунад.
کلیدواژهها [English]