نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Нигоњи куллї ба расонањои хабарии бозории тољик, ки иддае ба он «матбуоти зард» мегўянд, нишондињандаи таъсири бевоситаи матбуоти русї ба ин расонањост. Ин маќола бо њадафи баррасї ва муќоисаи муњимтарин расонањои хабарии бозорї, яъне нашриёт, радио ва телевизион дар Тољикистон ва Русия навишта шудааст. Пас аз фурўпошии Иттињоди љамоњири шўравї, ду давра дар матбуоти Шўравї ќобили шиносої аст: давраи аввал, ибтидои давраи бозсозї ва давраи дувум, пас аз даврони бозсозї аст, ки бо истиќлоли љумњурињо мутобиќ меояд. Пас аз солњои 1993 мелодӣ, дар Тољикистон нашрияњои хусусї ва њизбӣ ба вуљуд омаданд, ки мутобиќи сохтори њукумати рўз ва зидди сиёсати њизби коммунист буданд. Баъд аз пайдоиши љунбишњои озодихоњӣ дар љумњурињои худмухтори Русия, љанги шањрвандӣ бар пояи ватангарої ба вуљуд омад. Аз он љо, ки дар ин давра расонањои хабарии Русия дигар вориди Тољикистон намешуданд, иддае бо нашри њафтаномањо ва рўзномањои мухталиф фазои иттилоотии Тољикистонро пур карданд. Њамонандии расонањои тољикї ва русї дар ин давра ва бо нашри њафтаномаи “Оила” оѓоз мешавад. Радиои давлатї ва ѓайридавлатӣ расонаи дигарест, ки аз авохири садаи нуздањуми мелодї њамвора муњимтарин манбаи хабарии мардуми тољик будааст. Дигар манбаи асосии ахбор телевизион аст. Муќоисаи телевизиони давлатии Тољикистон бо Русия нишондињандаи сатњи поини намоишњои телевизиони Тољикистон аст.
کلیدواژهها [English]