نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола замимаи шумораи њабдањуми маљаллаи “Рўдакї” аст, ки дар се бахш шомили пешгомони матбуоти тољик, матбуоти пешгоми тољик ва намунаи насри матбуоти тољик ба нигориш даромадааст. Дар бахши аввал нигоранда ба муаррифии пешгомони матбуоти тољик пардохтааст, ки иборатанд аз: Ањмади Дониш, Мирзољалоли Юсуфзода, Мањмудхоља Бењбудї, Абдурауфи Фитрат, Садриддини Айнї, Сайидризо Ализода, Абдулќодир Муњиддинов, Абдулвоњиди Мунзим ва Абдулѓанӣ Мирзоев. Дар бахши дувуми матбуоти пешгоми тољик, ки иборат аст аз “Бухорои шариф”, “Самарќанд”, “Оина”, “Шуълаи инќилоб”, “Овози тољик”, “Бедории тољик”, “Дониш ва омўзгор” ва “Рањбари дониш” муаррифӣ шудааст. Дар бахши севум низ нигоранда намунањо аз насри матбуоти тољикро зикр кардааст. Унвонҳои матолиби зикршуда бад-ин шарњ аст: “Тањайюр” (навиштаи Мирзољалоли Юсуфзода, чопшуда дар рўзномаи “Бухорои шариф”), “Мулоњиза” (навиштаи Мањмудхоља Бењбудї, чопшуда дар маљаллаи “Оина”), “Иќдомоти ислоњотхоњонаи њукумати Бухоро” (навиштаи Абдурауфи Фитрат, чопшуда дар маљаллаи “Оина”), “Сайф ва ќалам” (навиштаи Садриддини Айнї, чопшуда дар њафтаномаи “Шуълаи инќилоб”), “Дар бораи забони адабии тољик” (навиштаи Абдулќодир Муњиддинов, чопшуда дар рўзномаи “Овози тољик”), “Забони бухороиён тољикӣ ё ўзбакӣ?” (навиштаи Абдулвоњиди Мунзим, чопшуда дар “Тољикистон сурх”), “Дар атрофи забони Бухоро ва ањволи тољикони “Қашќадарё” (навиштаи Абдулѓанӣ Мирзоев, чопшуда дар “Тољикистони сурх”).
کلیدواژهها [English]