نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Давраи љадиди мактабу маорифи тољик бо љунбиши ислоњталабї ва маорифпарварї дар Самарќанд, ки оѓозгари он Мањмудхоља Бењбудї буд, по ба арсаи адабиёти тољик нињод. Бењбудї на танњо дар Самарќанд, балки дар тамоми Осиёи Миёна аввалин шахсе буд, ки зарурати ислоњоти куллии иљтимої ва маданиро дар љомеае, ки дар занљири суннатњои феодалии асри миёна побанд буд, матрањ кард. Аз сўи дигар Абдулќодир Шакурї дар поизи соли 1901м. нахустин мактаби усули нави тољикиро расман таъсис кард ва Мањмудхоља Бењбудї шурўъ ба навиштани китобњои дарсї барои мактабњои нав кард ва осореро, ки намунањое аз он дар ин маќола оварда шудааст, бар њасби зарурат ба риштаи тањрир даровард. Ба бовари нигорандаи ин маќола афкори ислоњталабї ва маорифпарварии Бењбудї ва ташкили мактаби нави Абдулќодир Шакурї дар берун аз Самарќанд дар ташкили маориф ва мактаби усули нави тољикї таъсири нофиз дошт ва ба тадриљ афроде њамчун Сайидањмадхоља Сидќї дар ташкили мактаби усули љадид ва таблиѓи он наќш ифо карданд. Њамчунин афроде низ дар ташкили мактабњои тољикии Самарќанд дар ибтидои солњои бистуми ќарни гузашта муассир воќеъ шуданд, ки аз љумлаи онњо метавон аз Осим Исматї, Њайдархон Њодизода, Аъзамхон Шањидї ва Вафохоља Усмонї ном бурд, ки дар ин маќола ба ихтисор муаррифї шудаанд. Нигоранда дар љамъбандї муътаќид аст, ки ончи дар ин сайри таърихї дар шарњи муњити мактабу маорифу фарњанги тољикї дар Самарќанд оварда шуда, шоњиди ќотеии он аст, ки дар тўли асрњои гузашта, аз замони бостон то имрўз, ин шањри бузург гањвораи тамаддун эронї ва исломї буда ва нуру равшании он дар ќарни гузашта ва њол таърихи ин минтаќаро дурахшон кардааст.
کلیدواژهها [English]