نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Самарќанди кунунї идомаи суннати адабиётест, ки оѓозгари он устод Рўдакї буд ва дар замонњои баъдї рушду равнаќ ёфт. Ин шукуфої дар асри кунунї низ дар Самарќанд њамчунон барќарор аст. Дар ибтидои садаи бистум Самарќанд аз воќеањои инќилобї саршор буд, ки боиси бедории миллї ва ба вуљуд омадани адабиёти маорифпарварї ва дар нињоят адабиёти навини тољик шуд. Бунёнгузори адабиёти навини тољик Садриддин Айнї (1878-1954 м.) аст, ки дар ибтидои солњои асри бистум аз Бухоро ба Самарќанд омад ва роњнамои муњити адабии Самарќанд шуд. Дар ин маќола ба теъдоди зиёде аз шоирон ва нависандагони асри бист, ки ба рушду камоли адабиёти тољик ва ўзбак хидмати шоёне кардаанд, ишора шудааст ва аз дањњо адиб ва олими асри кунунї, ки дар равнаќи илму адаби Тољикистон сањми арзанда доштаву дар Самарќанд ба камол расидаанд, шарњи мухтасаре баён шудааст. Дар солњои ахир дар Самарќанд мањофили «Њофизхонї», «Шоњномахонї», «Бедилхонї», анљумани илмї ихтисос ёфта, ба љойгоњи шеъри нав дар адабиёти форсии муосир бо иштироки шоирон ва донишмандони эронї хеле бошукўњ баргузор мешавад ва њамчунин адибон ва донишмандони Самарќанд дар анљуманњои илмии байналмилалии Русия, Эрон, Тољикистон ва кишварњои дигар ширкат мекунанд. Нигоранда дар поёни ин маќола ба ин натиља расидааст, ки фаъолиятњои адабии суратгирифта дар Самарќанд нишондињандаи пос дошта шудани шеъру адаби форсу тољик аз сўи ворисони Рўдакист.
کلیدواژهها [English]