نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
«Афсонањои Самарќанд» ва «Таронањои Самарќанд» ду маљмўаи фолклорї њастанд, ки дар шинохти сарвати сарзамини бостонии ориёї– Самарќанд наќши намоён доранд ва фолклоршиноси машњури тољик, шодравон доктор Бањром Шермуњаммадов онњоро тањия кардааст. Дар «Афсонањои Самарќанд» насри шифоњии мардуми Самарќанди бостонї гардоварї шудааст. Ин маљмўа дар се бахш шомили афсона, наќлу ривоят ва латифа мураттаб шудааст, ки њар бахш низ фаслњои људогона дорад. Њар як навъи насри шифоњии Самарќанд дорои сюжетњои гуногун аст ва дар онњо мавзўъњои давлатї ва ватанпарварї, ишќу муњаббат, озодї ва саодат, ва ормонњои миллии мардум ситоиш шудаанд ва ќањрамони онњо афроде одї њастанд, ки бо зањмати хеш ба муроди дил расидаанд. «Таронањои Самарќанд» нахустин маљмўаест, ки миќдори зиёде аз намунањои назми шифоњии Самарќанд дар он чоп шудааст. Ин асар аз панљ бахш шомили «Сурудњо ва таронањо», «Рубоиёт, дубайтињо ва байтњо», «Ашъори замони нав ва шоирони мањаллї», «Зарбулмасалњо ва маќолањо» ва «Чистонњо» таркиб ёфтааст. Нигоранда дар ин маќола бо шарњи офаридањои шифоњии ањли Самарќанд мисли ду асаре, ки зикри онњо рафт, дар поён ба ин натиља расидааст, ки ин њама муќаддимаи кори бузург ва зарурь омўзиши сарвати адабиёти шифоњии шањри Самарќанд ва атрофи он аст ва ганљинаи бебањои адабиёти шифоњии мардуми Самарќанд ва атрофу акнофи ин минтаќаро њар чї зудтар ва комилтар бояд гирдоварї кард, зеро бар асари густариш ва таъсири фарњанги муосири бегона, хусусан Ѓарб, ин осори гаронбањои мардумї дар маърази нобудї ќарор доранд.
کلیدواژهها [English]