نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Камоли Хуљандї, аз суханварон ва урафои олиќадр ќарн њаштум њиљрї, яке аз бузургмардонест, ки аз оёту мазомин ќуръонї дар ашъори хеш бисёр бањра бурдааст. Дар ин маќола бозтоби матолиби ќуръонии Хоља Камол зайли чањор бахш мавриди тањќиќу баррасї ќарор гирифтааст, ки иборатанд аз: 1. Асмо, сувар ва оёти ќуръонї; 2. Талмењ ба достонњои ќуръонї; 3. Таљаллии мазомин ќуръонї; 4. Иќтибосоти ќуръонї. Дар бахши аввал абёте, ки номи сурањо ва ояњои ќуръонї ба сароњат дар онњо омада, зикр шудааст. Дар бахши дувум талмењ ба достонњои ќуръонї бо тартиби таърихї ба ду сурат–талмењ ба достонњои анбиё ва талмењ ба дигар достонњои ќуръонї тавзењ дода шудаву шоњидмсолњои онњо оварда шудааст. Дар бахши севум таъсири мазомини ќуръонї дар ашъори Хоља Камол баррасї шуда ва абёте, ки ин мазомин дар онњо бозтоб ёфта, баён шудааст. Дар бахши чањорум низ, ки марбут ба иќтибосњои ќуръонист, абёте, ки ишора ба иборатњои ќуръонї доранд, муаррифї шудаанд. Илњомоти Шайх Камол, ки иборат аз 73 сура ва беш аз 250 ояи муборакаи Ќуръон њастанд, гўёи он аст, ки вай аз донандагон ва мўнисони њаќиќии Ќуръон буда ва бо пайвастан ба сарчашмаи сармадии ањли маънї мазомини амиќу олиро дар зулоли оёти ин китоби осмонї ба назм даровардааст.
کلیدواژهها [English]