نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њарчанд бисёре аз суханпардозони Осиёи Миёна дар Иттињоди Ҷамоњири Шўравии собиќ ба далели сахтгирињои низоми њоким маљоли чандоне барои бурузи њувияти миллї ва таърихї надоштанд ва бештар истеъдодашонро сарфи тарвиљи мароми њизбї мекарданд, гоњ низ афроде пайдо мешуданд, ки дар даруни њизб ва дар миёни вобастатарин љараёнњои адабї ва фарњангї чашме ба гузашта ва њувияти хеш доштанд. Пайрав Сулаймонї аз љумлаи ин шоирони тољик аст, ки бо вуљуди вобастагї ба маромњои њизбї бо њазор риштаи номръї ва пинњон ба асолатњои худ мепайваст. Дар ин маќола баъд аз муаррифии мухтасари мутолиоти анљомшуда дар бораи ин шоир бањси муфассале дар бораи ашъори Сулаймонї, аз оѓоз то марњалаи камол ва пухтагї баён шудааст. Дар поён нигоранда ба ин натиља расида, ки Пайрав шоирест, ки шеъру њунари худро дар хидмати маќосид ва ањдофи сиёсї ва њизбї ќарор дод ва аз хилоли шиорњои њизбї ва сиёсї ба мадади табъи ваќќод ва зењни равшану нављўяш гоњ низ ба шеъри асилу инсонї ва ба иборати бењтар, шеъри ноб рўй овард. Дар ашъори иљтимої таъми талху газандаи танзи ин шоир ёдовари ашъори Ашрафуддини Њусайнї ва Фаррухии Яздї аст ва агар аљал муњлат медод ва шоир мароњили пухтагї ва камолро пушти сар мегузошт, ќатъан ќуллањои кашфношудае аз шеъри тољикро фатњ мекард.
کلیدواژهها [English]