نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Хуљанд шањрест маъруф дар сарзаминМовароуннањр, ки аз ќадим маркази илму адабу тамаддун будааст. Дар ин маќола ба бархе вижагињои шеърии бонувони сухансарои Хуљанд, ки намоёнгари љањонбинї, завќ, муњити иљтимої ва сабки нигориши онњост, пардохта шудааст. Аз миёни бонувони сухансарои Хуљанд метавон ба Мўниса Мањастии Хуљандї, Зебои Хуљандї, Фазилати Хуљандї ва Шарифабибї Ољизи Хуљандї ишора кард. Мўниса Мањастї аз шоирањои мумтози хуљандиюласл аст, ки дар рубоисрої басе чирадаст буд. Тахайюлоти бикр, сувари хаёли љаззоб, содагии забон ва мазомини ошиќона аз вижагињои барљастаи ашъори ўст. Зебои Хуљандї аз дигар бонувони сухансарои Хуљанд аст, ки бо вуљуди аз байн рафтани девони ашъораш намунањое аз ашъори ў дар баёзњо ва сафинањо сабт аст. Вай ба сабки хуросонї шеър месуруда ва мавзўи ѓазалёташ низ ѓолибан ошиќона будааст. Ќанбархони Хуљандї ва духтаронаш Муаззам ва Муаттар аз дигар шоирањои номдори мантиќаи Хуљанд њастанд, ки ба забони тољикї ва туркї шеър сурудаанд. Аз дигар шоирањои мантиќаи Хуљанд метавон ба Фазилат ва Шарифабибї Ољизи Хуљандї ишора кард. Дар ин маќола нигоранда пас аз муаррифии ин шоирон ва баррасии мазомин ва сабки шеърии онњо ба ин натиља расидааст, ки ин бонувони суханвар бештар дар ќолаби рубої ва ѓазал шеър сурудаанд. Муњимтарин мавзўъоти ашъори онњо ишќ, шикоят аз замон, толеъ ва таќдир ва таслим шудан ба ќазову ќадр аст. Забон ва услуби шеъри ин бонувони соњибзавќ содаву равону оммафањм аст.
کلیدواژهها [English]