نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ривоят яке аз маъмултарин навъњои насри шифоњї аст, ки дар њамаи даврањо дар фолклори тољик мавќеияти устувор доштааст. Муњаќќиќон дар тавсифи хусусиятњои асосии ривоят бар ин боваранд, ки ривоятњо «тасвири хабарї»-и мардум дар бораи ин ё он шахс, њодиса ё њадаф будааст, ки гўянда (ё шунаванда) ба њаќиќї будани онњо эътимод дорад ва дар онњо фикри мардум афода меёбад. Ривоятњо дорои њаљм, шакл ва сохтори муайянанд, ки ин хасиса барои тамоюзи онњо аз жанрњои дигари насри шифоњї нишонае муњим ба шумор меравад. Забони ривоят мўљаз аст ва дар он њељ љумла ва њатто калимае ѓайризарур баён намешавад. Њар љумла дар матни ривоят вазифа ва дар занљираи тасвир љойгоњи хосси худро дорад. Ривоят жанри зиндаи фолклор аст, ки ба вуљуд меояд, рушд ва сайќал меёбад ва мувофиќи вазифаи худ дар рўзгори мардум ба кор меравад. Ба бовари нигорандаи ин маќола ривоят як навъ матни устувори насри шифоњї аст, ки барои расонидани маълумот ва ба таври ѓайрирасмї собит кардани њаќиќате дар бораи ин ё он њодиса, ашё, њадаф ва шахсиятњои таърихї ва асотирї аз тарафи гўянда ба кор бурда мешавад. Ба таври куллї сохтори ривоят иборат аз оѓоз ва анљом аст ва миёни ин ду нуќтаи канории ду мавзўъ љой мегирад, ки аввалї сабаб ва дувумї натиља аст.
کلیدواژهها [English]