نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Адабиёти шифоњии кўдакон яке аз ќадимитарин бахшњои фолклор аст, ки барои тарбияти њамаљонибаи онњо таваљљуњи муњимми илмї ва амалї дорад. Дар Афѓонистон, ба хусус дар навоњии дурдасти он њанўз њам кўдакон аз тариќи осори адабї-шифоњии мардумї бо њаводиси хуб ё зишт ва бо воќеоти мухталифи зиндагї ошно мешаванд. Дар рустоњои Афѓонистон кўдакон аз бузургсолон суруду таронањоро меомўзанд ва њангоми бозї ва тафрењ замзама мекунанд. Лалуї (лолої)-и модарон яке аз њамон сурудањои муассир ва љаззобу пурмуњаббат аст. То кунун дар бораи фолклори кўдакони Афѓонистон рисолаи мустаќили илмї ва њамаљониба тадвин нашудааст. Шояд њам чунин асаре вуљуд дошта бошад. Вале нигорандаи ин маќола дар баррасии тамоми маљаллот ва китобњои чопи Афѓонистон ба забони дарї, ба љуз мавориди фолклорї ва чанд маќолаи рољеъ ба сурудњои кўдакон, ки дар маљаллоти «Фарњанги мардум», «Кобул», «Ориёно» ва «Адаб» ба чоп расидаанд, чизе дигар наёфт. Бино бар ин ба назар меояд фолклори кўдакони Афѓонистон бо тамоми хусусиёт ва вижагињои оммаш то ба имрўз чунонки бояду шояд, љамъоварї нашудааст. Аз њамин рў пеш аз баррасї ва пажўњиш дар ин бора бояд аз вилоёт ва дењоти Афѓонистон матнњои марбут ба бозињо, расму оинњо ва тарзи иљрои онњо љамъоварї ва нашр шавад, то бар асоси онњо рисолае илмї таълиф гардад.
کلیدواژهها [English]