نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар солњои барќарор шудани њокимияти Шўравї пажўњиши илми забон, адабиёт ва фарњанги тољикї бо истифода аз дастовардњои илми љањонї танзим шуд ва натиљањои хубе низ ба даст омад; Аммо ин њама дар заминаи сиёсатњои њизби коммунист иљро мешуд ва аз ин сабаб дар љараёни амалї шудани онњо натоиљи хуб ва бад аѓлаб пањлўи њам буданд. Таърихи таълиф, баррасї ва лаѓви нахустин фарњанги тољикї-русї ба номи «Луѓати Бектош» бозгўкунндаи ин фарозу нишеб дар фарњангнависии тољик аст. Назруллоњи Бектош аз бунёдгузорони илми филологияи тољик аст, ки њамеша дар муќовамат бо сиёсати фарњангии Шўравї ќарор дошт. Дар ин маќола, ки бо њадафи баррасии луѓати тољикї- русии Бектош ба нигориш даромада, ибтидо шароити таърихии тадвини ин фарњанг зикр шуда ва дар идома назароти Бертелс дар бораи ин фарњанг наќд шудааст. Муаллиф дар поён натиља гирифтааст, ки Бектош ба унвони аввалин муаллифи луѓатномаи дузбона ва фарњангнависии нави тољик зарурати тадвини луѓати умумии забони форсиро дарк карда ва ба раѓми назари иддае мабнї бар «синфї будани луѓат», «њушёрии синфї њангоми тартиб додани луѓат» ва «инъикоси сиёсат дар луѓат» ба тадвин он њиммат гумоштааст.
کلیدواژهها [English]