نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Пас аз вафоти Садриддин Айнї масъалаи нашри Куллиёти осори ў ба миён омад ва тайи ду сол бойгонии осори ў ба диќќат мавриди баррасї ќарор гирифт. Дар солњои 1954-1956 м. дар миёни дастхатњои архиви шахсии Айнї як даста мусаввада аз корњое, ки дар тайи солиёни тўлонї барои таълифи луѓатномаи тољикї анљом дода буд, пайдо шуд. Ба гуфтаи худи муаллиф дар китоби «Мухтасари тарљумаи њоли худам» ин луѓатнома 15 њазор луѓатро дар бар дорад. Аммо чун нусхаи комили он дар даст нест, даќиќан маълум нест, унвони он чї будааст. Фаќат дар яке аз авроќи мусаввада, ки дар архиви Айнї боќї монда, ин асар «Луѓати нимтафсилии тољик барои забони адабии тољик» номида шудааст. Дар маќолаи њозир нигоранда ба тафсил ба табйини равиши худ барои тањия ва такмили илмии ин луѓатнома пардохтааст. Тибќи гуфтаи ў мундариљоти ин китоб беш аз 11њазор луѓат аст, ки 50 дарсади ин луѓатњо аз забони зиндаи халќи тољик ва 50 дарсади дигар аз китобњои луѓат ва адабиёт гирифта шудаанд. Нимаи 50 дарсади дувум луѓатњое њастанд, ки барои фоида бурдан аз адабиёти классики тољик ба кор бурда мешаванд ва нимаи дигар низ луѓатњое њастанд, ки феълан дар адабиёти нафисаи имрўзи тољик ба кор мераванд, аммо маъноњои онњо барои оммаи навсаводон равшан нест. Нигоранда дар поён ёдовар шудааст, ки луѓатњои забони зиндаи тољик, ки дар ин китоб гирд омада, хизонаи забони зиндаи халќ аст, ки њанўз дастнорасида аст.
کلیدواژهها [English]