نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аллома Муњаммад Иќбол барои мардуми форсизабон аз шахсиятњои бисёр гиромї аст. Ў бо љуръат ва азми росих озими майдони шеъру адаби форсї шуда ва дар њузури Муллои Рум, Аттор, Њофиз ва дигарон хомањфарсої кардааст. Дар мавриди ашъор ва осори ин адиби гаронмоя ва чирадаст солњост, ки ањли ќалам бањс оростаанд. Љойгоњи волои забон ва сухан дар навиштањои Иќболи Лоњурї аввалин нуктаест, ки дар мувољања бо осори ин шоири тавонманд љалби назар мекунад. Мавзўъи маврид бањси дигар дар ашъори Иќбол корбурди вожањо ва иборотест, ки баёнгари мафоњими забон ва сухан дар ашъор аст. Дар ин замина нигоњи шоир тоза аст. Њатто худ саъй кардааст, ки ин шеваи офаринишро ба хонанда талќин кунад. Иќболи Лоњурї бо табъи дарроки худ аз тавонмандињои луѓат ва вожасозии забони форсї бархурдор шуда ва дар калимасозї, бахусус дар эљоди вожањои мураккаб даст ба ибтикор зада, ки дар ин маќола ба намунањое аз он ишора шудааст. Баррасии ин намунањо баёнгари он аст, ки тозанигорињои ин шоир дар илму адаб ба шеваи вожашиносї ва вожасозии ў бастагии мустаќим дорад.
کلیدواژهها [English]