نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Сарзамини Хатлон ва мантиќаи Кўлоб бо вуљуди шахсиятњои бузурги фарњангї ва адабї, ки дар тўли таърих аз ин диёр бархостаанд, аз шуњрату ањаммияти вижае бархурдор шудааст. Ќадру ќимати ин сарзамин хусусан пас аз он ки Мир Саййидалии Њамадонї (1314-1386 м.) ё ба таъбири сокинони мантиќаи Кўлоб «Амирљон» шањри Кўлобро оромгоњи худ ихтиёр мекунад, дучандон мешавад. Эњтирому эътибори ин алломаи бузург назди мардуми мусулмони Шарќ бисёр баланд аст ва зиёрати мазори Амири Кабир барои ин мардумон вољиб шудааст. Аз таълифоти ин донишманди оламшумул, ки болиѓ бар навад унвон аст, нусхањои асл ё тарљумаи осоре монанди «Макориму-л-ахлоќ», «Захирату-л-мулук», «Вуљудия», «Кашфу-л-халоиќ», «Авроди фатњия» ва...ро метавон ном бурд. Таълифоти ин њазрат ба забони содаву равон ва мўљазу шево ва љаззобу гуворо навишта шудаанд ва њамин мавзўъ сабаб шудааст, ки дар андак муддат андешањои динї ва сўфиёна ва ахлоќии эшон мавриди истифодаи мардум ќарор гирад.
کلیدواژهها [English]