نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Осори таърихї-адабї, ки аз ќуруни гузашта бар љой мондаанд, тавонистаанд то андозае шароит ва авзоъи сиёсї, иљтимої ва љуѓрофиёии давраи хешро баён кунанд. «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздї низ намунае аз бењтарин асарњои таърихї ба шумор меравад, ки байни солњои 1419-1424 м. бар асоси асноди расмии дарборї ва наќли њамсафони Темури Ланг нигошта шуда ва дар он ба ваќоеъи сиёсї, њокимон ва воњидњои маъмурї ва љуѓрофии Хатлон, ки яке аз вилоятњои муњимму стратегии Мовароуннањр мањсуб мешавад, пардохта шудааст. Шарафуддин Алии Яздї дар ин асар дар бораи љузъиёт ва низ рољеъ ба вазъияти умумии Мовароуннањри давраи Темуриён ахборе муњим ироа мекунад. Бад-ин тартиб ба назар меояд, ки «Зафарнома» дар тањќиќи таърихи сиёсї ва љуѓрофиёии Хатлони садаи чањордањуми мелодї ва њамчунин такмили пажўњиши катибаи санги ќабри амир Муњаммади барлос дар шањри Кўлоб манбае муњим ба шумор меравад, ки дар он марокизи муњимму стратегии Хатлон–Мунк, Сойи сарой, Вахш, Оќсарой, Дашти калак (Данѓараи имрўза) ва Балљувон зикр шудаанд.
کلیدواژهها [English]