نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Афсонањо ба таври куллї дар зиндагї ва адабиёти њар ќавму миллате дорои ањаммият ва шоистаи мутолиа аст. Дар Кўлоб ва минтаќањои дигари сарзамини Хатлон низ афсона дорои љойгоњи вижае буда ва таваљљуњи муњаќќиќонро ба манзури гирдоварии фолклори мардуми ин минтаќа барангехтааст. Нигорандаи ин маќола низ чанд солест, ки ба гирдоварии маводи фолклорї машѓул буда ва дар тайи солњои тањќиќ ва бар асоси дидањо ва пурсишњо ба ин натоиљ даст ёфтааст: 1. Афсона њамчунон байни мардуми Кўлоб маъмул аст; 2. Дар байни афроде, ки сї то панљоњ сол доранд, донандагони афсона вуљуд доранд. 3. Дар байни ашхосе, ки байни њаждањ то сї сол доранд, афроди хеле каме афсона медонанд ва таваљљуњи камтаре ба шунидан ва наќли он доранд; 4. Дар байн хурдсолон ва љавононе, ки аз чањор то понздањ сол доранд, идома доштани суннати афсонагўиро метавон мушоњида кард. Албатта ин натоиљ бар асоси дидањо, шунидањо ва пурсишњои солњои гуногуни фаќат як нафар сурат гирифтааст ва барои расидан ба натоиљи сањењ корњои майдонии даќиќ лозим аст ва муњимтарини ин корњо пеш аз њама сабт кардани афсонањост, ба тавре ки агар ин матнњои афсонаї дар видео сабт шавад, барои пажўњандагон маводи илмии арзандае ба љой хоњад монд.
کلیدواژهها [English]