نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар адабиёти муосири тољик осоре, ки бар асоси ривоят ва асотир навишта шудаанд, бисёр дучор омадаанд ва нависандагони зиёде ба халќи осор бар асоси ривоятњо ва афсонањои ќадими халќии тољикӣ пардохтаанд. Лекин аз њама бештар Мирсаид Миршакар асотиру ривоёт ва афсонањои халќиро барои тарѓиби суннатњои олии ахлоќї, иљтимої ва сиёсї, ватанпарварї ва инсондўстї ва иттињоду ягонагї истифода кардааст ва достони «Ќишлоќи тилої» гувоњи равшане бар ин андеша аст. Аз рўйи мундариљаи асотирї сужаи ин достон ба њикояти Чамбули мастони њамосаи халќи тољик «Гўрўѓлї» шабоњат дорад. Такя бар фолклор низ каму беш дар осори адибони ќарни бисти тољик давом карда, ки дар эљодиёти М. Миршакар аз њама бештар идома ёфтааст. Аз солњои сї дар осори ў масалу маќол ва иборатњои халќии фаровон истифода мешаванд, ки аз як тараф таъсири омўзиши суннатњои адабиёти шифоњї ва аз тарафи дигар талаботи адабиёти нав аст. Шоир баъд аз он то солњои њаштоди ќарни бистум ба њикматомўзї рўй овардааст. Ин равиш аз достони «Ливои зафар» оѓоз шуда ва дар достони «Исёни хирад» ба дарљаи баланд расидааст. Рўй овардани Миршакар ба адабиёти шифоњї ва гўишњо боис шудааст, ки забони бархе аз осори шоир бо забони гўишї омехта шавад, ки ин аз хусусиятњои манфї ба њисоб меояд. Халосаи сухан ин ки Миршакар тарафдори нигањ доштани бењтарин суннатњои адабиёти классик ва ба он мувофиќ кардани суннатњои адабиёти шифоњї, адабиёти љањон ва рус будааст.
کلیدواژهها [English]