نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аз он љо ки нусхаи ќадимї ва муътабаре аз осор Рўдакї дар даст нест, дар љамъоварии осори ў њамвора манобеъи ќадими муштамил бар ашъори ў мисли «Луѓати фурс», «Тарљумону-л-балоѓа», «Асрору-т-тавњид», «Лубоб-л-албоб» ва... мавриди назар ва меъёри санљиш будааст. Дар ин маќола, муњимтарин нашрњои ашъори Рўдакї, ки бар асоси абёти мањфуз дар китобњои номбурда фароњам омадаанд, муаррифї шудаанд. Ин нашрњо аз љомеътарин нашрњои форсии ашъори боќимонда аз Рўдакї аст. Девони ашъори Рўдакї аввалин бор дар ќуруни понздањ ва шонздањи мелодї тадвин шуд. Пас аз тадвини ин девон шорењон ва фарњангнависон онро дар њукми сарчашма ќарор доданд ва њамин мавзўъ сабаб шуд шеъри Рўдакї бо таълифоти шоирони дигар биёмезад. Девони Рўдакї, ки дар соли 1315 њ. дар Тењрон ба табъ расид, намунаи боризе аз осори илњоќї бар девон Рўдакї аст. Аз нимаи дувуми ќарни нуздањи мелодї марњалае муњим аз матншиносии осори Рўдакї оѓоз шуд ва ба падид омадани маљмўањои мутааддиде аз осори бозмондаи Рўдакї мунљар гардид, ки бист маврид аз муњимтарин ва љомеътарини онњо дар ин маќола муаррифї шудаву мавриди бањс ќарор гирифтааст.
کلیدواژهها [English]