نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њарчанд иттилооти мувассаќе дар бораи миќдори осори Рўдакї, мазмун ва унвонњои онњо мављуд нест ва матолиби мављуд њам ѓолибан зидду наќиз аст, дар ин ки вай шоири пуркор ва пурасар будааст, шакку шубњае нест. Дар ин маќола осори Рўдакї аз назари теъдоди абёт, муњтаво, ќолаби шеърї ва... баррасї шудааст. Авфї осори Рўдакиро иборат аз сад дафтар медонад. Ба гуфтаи Њамдуллоњи Муставфї Рўдакї њафтсад њазор байт доштааст. Касоне чун Наљотї, Љомї, Хондмир ва... низ бо истинод ба шеъре аз «Саъдинома»-и Рашидии Самарќандї теъдоди ашъори Рўдакиро «сездањ рањ сад њазор» наќл карданд, ки ба назар меояд ончи Рашидї сабт карда, «сездањ рањ дањ њазор» аст ва котибони «Саъдинома» барои таъкиди бештар ё аз бетаваљљуњї вожаи «дањ»-ро ба «сад» иваз кардаанд. Аз рўйи тахмини Саид Нафисї девони Рўдакї таќрибан 110 њазор байтро дар бар мегирад, ки ин њисоб воќеї будани фарзияи «сездањ рањ дањ њазор», яъне 130 њазор байтро нишон медињад. Миќдори ашъори ба мо расида аз Рўдакї ќатъан муайян нест. Саид Нафисї дар китоби худ 832 байтро оварда ва 33 байти шабењ ба ашъори Рўдакиро ба он изофа кардааст. Дар байни ин 953 байт эњтимолан абёте вуљуд дорад, ки аз Рўдакї нест ва бино бар назари тазкиранависон ва муњаќќиќон мутааллиќ ба Ќатрони Табрезист; Аммо А.С. Барагинский муътаќид аст, ки Ќатрон ин ашъорро аз Рўдакї рўнавис карда ва дар девони худ гунљондааст. Ин назарњои мутаноќиз тањќиќи ќиёсии ашъори Рўдакї ва Ќатронро зарурї менамояд. Дар поёни маќола низ бањсе рољеъ ба ќолаб ва муњтавои ашъори Рўдакї ва низ осори мансуб ба ў матрањ шуда ва назари бархе аз муњаќќиќон дар ин бора зикр гардидааст.
کلیدواژهها [English]