نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Адабиёти зидди ситам ва муќовимат дар таърихи адабиёти тољикон пайваста вуљуд доштааст. Дар оѓози ќарни бистуми мелодї, ки вазъи забони њазорсолаи форсии тољикї дар Осиёи Марказї нињоят њузновар буд, адабиёти муќовимат дар осори Садриддин Айнї зоњир гашт. Баъд аз бунёди Ҷумњурии Мухтори Тољикистон Садриддин Айнї китоби «Намунаи адабиёти тољик»-ро тадвин кард, ки дарбаргирандаи намунаи ашъори њазорсолаи шоирони тољик аст. Ин китоб муборизањои муѓризонаеро аз љониби мутаассибони миллатгаро дар пай дошт. Мухолифон бо истинод ба шеъре аз Рўдакї, ки ба унвони намунаи адабиёти тољик овардашуда буд, муддаї шуданд, ки муаллиф дар ин шеър амири рондашуда аз Бухороро ба бозгашт ташвиќ кардааст. Пас аз суханронии Садриддин Айнї дар нахустин Анљумани нависандагони собиќ Иттињоди Шўравї дар бораи љойгоњи вижаи адабиёти форсии классик ва адабиёти навини тољик ва мавриди таваљљуњ ќарор гирифтани ин суханон аз сўи раиси анљуман– Маким Горкий шогирдони Айнї дар љаласаи дигаре таърихи воќеии манзумаи Рўдакиро тавзењ доданд ва Бухарин, аз мушовирон Сталин, ки фиреби мутаассибонро хўрдаву дастури тавќифи китобро содир карда буд, иљозаи таљдиди чопи онро содир кард. Бо он ки баъдњо мутаассибон муљаддадан пеши чопи китобро гирифтанд, устод Айнї тањќиќоти Рўдакишиносии худро идома дод ва замимае бар ин китоб афзуд, ки бо саъйи нигорандаи маќола чоп хоњад шуд.
کلیدواژهها [English]