نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар манобеъи адабї ва таърихї, силсилаи алќоб ва унвонњои ифтихорї барои устод Рўдакї истифода шудааст. Яке аз ин алќобу ановин «њаким» аст, ки ин маќола дар пайи баррасї ва сињњату суќми ин унвон нисбат ба Рўдакист. Саид Нафисї бо истинод ба сухани муаллифони наздик ба Рўдакї ва ин ки дар ќарни чањорум маъмул набудааст, лаќаби «њаким»-ро барои шуаро ба кор бибаранд, корбурди ин лаќабро барои Рўдакї нодуруст медонад. Њол он ки манобеъе њамчун «Калимотушшуаро», «Риёзушшуаро» ва... Рўдакиро бо унвони «њаким» ёд мекунанд. Манучењрии Домѓонї низ дар девони шеъри худ Рўдакї, Шањиди Балхї ва баъзе шоирони дигарро бо унвони «њаким» зикр кардааст. Дар «Луѓатнома»-и Дењхудо низ вожаи «њаким» ба маънои шоир истифода шудааст. Њамчунин бо таваљљуњи тавзењоте, ки Хоља Насируддини Тўcї дар «Ахлоќи носирї» дар бораи њикмат овардааст, метавон осори Рўдакиро ороста ба њикмат донист. Бино бар њамаи далоили зикршуда нисбати унвони «њаким» ба Рўдакиро метавон њаќиќати мањз донист.
کلیدواژهها [English]