نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола дар бораи ду ќитъа шеъри наврўзї аз устод Рўдакист, ки нахустин бор дар соли 1994 дар захираи дастнависњои Институти шарќшиносї ва мероси хаттї ёфт шудааст. Ин ду ќитъа љамъан шомили чањор байт аст, ки дар хилоли яке аз тафосири Ќуръони карим ёфт шуда ва таърихи китобати он тахминан байни ќарнњои чањордањум ва понздањуми мелодї аст. Ин тафсир ба тариќи имло таълиф шуда ва муаллиф ашъори фаровоне ба арабї ва форсї дар мавридњои муносиб ёд кардааст. Њангоми тафсири сураи «ал-Алаќ» муаллиф барои нишон додани фазилати ќалам як ќатъаи наврўзии устод Рўдакї ва њикояти марбут ба онро овардааст. Дар мисраъи дувуми ин ќитъа сактаи вазнї вуљуд дорад, ки эњтимолан дар расмулхат ба сањви котиб будааст. Дар идома ќатъаи дигаре аз Рўдакї, ки ба тариќи луѓаз ва чистон дар бораи ќалам гуфта шуда, омадааст. Ин ќитъа њарчанд ки нав нест ва дар нусхаи чопии осори Рўдакї ва ёздањ манбаъи он ёд шуда, дар њељ як аз онњо ба шакле, ки дар ин дастхат омадааст, дида намешавад. Ин ду ќитъа дар вањлаи аввал таъйидгари назари он муњаќќиќонест, ки муътаќид ба аввалбино будани Рўдакиянд. Њамчунин бори аввал дида мешавад, ки ашъори Рўдакї дар зимни як китоби холиси динї оварда шудааст.
کلیدواژهها [English]