نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Шеъри форсї аз љињати ягонагии шаклу маъно дар замони Рўдакї ќолаби асосии худро меёбад. Аммо сохти њунарии байти шеъри форсї дар ањди Рўдакї ва њамзмононаш њанўз ба истиќлоли комил нарасидааст. Аз мавќеияти диди нањвї низ байти шеъри адабиёти классик љумлае дорои мазмуни воњид аст; Бино бар ин байт хурдтарин воњиди шакл ва мазмун шеър аст. Дар шеъри Њофиз байт на танњо аз лињози ритм, оњанг ва нањв, балки аз назари маъно њам дар таносуб бо абёти дигари шеър истиќлол дорад. Дар шеъри Рўдакї низ байт дар шакли громарї, зарбу оњанг ва нањв аз ягонагї бархурдор аст. Аммо дар шеъри ў гоње ягонагї аз њудуди як байт фаротар намеравад. Бунёди шеъри Њофиз байт аст, ки истиќлоли хоссе дорад ва тањлили мантиќист, ки бар ќоидаи забонї такя мекунад ва сохти воњиди нањвї ва мантиќї ва назмшинохтї дорад. Њол он ки дар шеъри Рўдакї робитаи садру зарб ва ибтидову арўз ба андозаи шеъри Њофиз мустањкам нест. Аз муќоисаи шеъри Рўдакї бо сухани Њофиз метавон натиља гирифт, ки дар ќарни чањоруми њиљрї шеъри форсї ба шакли баёни байт ягонагї ва устувории замони баъдиро надоштааст. Бино бар ин байти Рўдакї дар такмили бурљу бору ба тањриру тармим ниёз доштааст ва онро халафњои ў анљом додаанд.
کلیدواژهها [English]