نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз муњимтарин орояњои адабї дар адабиёти форсї талмењ аст. Њар гоњ дар шеъре ба таври ѓайримустаќим достон, воќеаи таърихї, оя ё њадис ва ё сухани машњуре дар зењн тадоъї шавад, орояи талмењ ба кор рафтааст. Орояњои адабї гоње зебоиофринанд ва гоње мададгари маънои шеър ва кам њастанд њунармандоне, ки аз њар ду ваљњ бањра дошта бошанд. Талмењ ин бањраи дуљонибаро дорад ва бад-ин лињоз арзише дучандон меёбад. Дар девони шеъри Рўдакї низ талмењ аз ањаммияти вижае бархурдор аст. Ин маќола талмењот дар девони Рўдакиро ба се бахш таќсим мекунад: талмењоти динї, талмењоти миллї ва талмењоти пароканда. Дар љамъбандї ишора шуда, ки талмењоти динии ашъори Рўдакї бештар шомили достонњои ќуръонист. Дар талмењоти миллї њамосаи миллии Эрони бостон дида мешавад ва дар талмењоти пароканда бештар ба аљроми самої ва низ суннатњои эронї, ки дар он давра мутадовил будаанд, ишора шудааст.
کلیدواژهها [English]