Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Сиёсат ва оини давлатдорї аз нигоњи Мирсаййидалии Њамадонї

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Мирсаййидалии Њамадонї аз бузургтарин шахсиятњои  илму фарњанг садањои миёна аст. Шинохти мероси илмии ин файласуф гувоњї медињад, ки вай дар таълимоташ ба масоили гуногуни фалсафї-ахлоќї, сиёсат, назарияи маърифат, мантиќ, диалектик ва... таваљљуњ кардааст. Ў бавижа дар бораи сиёсат, оини давлатдорї, усули идораї ва равобити байни мардум, андешањои дархури таваљљуње дорад, ки имрўз њам арзиш худро аз даст надодаанд. Мирсаййидалї дар тўли умри гаронбањои худ ба кишварњои мухталиф сафар карда ва дар натиљаи он бо ашколи мухталифи салтанат ва давлатдории кишварњои гуногун ошно шуда ва тавониста дар бораи сиёсат ва оини давлатдорї андешањои пурќимат пешнињод кунад. Ў њамчун донандаи бузурги фалсафаи ислом аќоиди худро дар бораи сиёсат мањз дар пайвастагї ба таълимоти ислом ва пайравї аз усули њукуматдории уламои дин ва дигар сиёсатмадорони мусулмон созмон додааст. Аќоиди иљтимої ва сиёсии Алии Њамадони љанбаи динї ва ахлоќї доранд ва ў њалли њама гуна масоили сиёсиро аз мавзеъи дину ахлоќ баррасї мекунад. Ў њамчунин дар идораи давлат ба хирад ва илму маърифат бањои баланд додаву аз подшоњон хостааст, ки зимни риояти инсофу адолат ба ањли илму фарњанг низ такя кунанд. Ин файласуфи бузург барои идораи кишвар шартњое гузоштааст, ки дар он њуќуќу  манофеъи мусулмонон тањти њимоят ќарор гирифтааст. Ў ба њуќуќи раияти ѓайрмусулмон низ таваљљуњ карда ва риояти онњоро вољиб донистааст.
Keywords