نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Дар таълимоти динї ва ахлоќии Мирсаййидалии Њамадонї рисолаи «Ќуддусия» , ки ба лињози њаљм хурд ва аз назари мазмун барљаста аст, маќоми арзанда дорад. Ин асар ба бобњо таќсим нашуда, балки мавзўоти он пайдарпай ва бо такрори хитобаи «эй азиз» баён мешавад. Забони ин асар сода ва мўљаз аст ва таносуби калом, саљъ, тавсифи олї ва воситањои тасвир, мантиќи гуфторро пурќувват ва шеваи баёнро љаззобу гуворо кардааст. Дар рисолаи «Ќуддусия» масоили ахлоќи њамида дар дини мубини ислом баррасї шуда ва муаллиф бар ду роњ пок шудан аз гуноњ ва ба саодати ухравї расидан таъкид кардааст. Ба таври куллї дар бораи муњтавои ин асари арзишманд метавон гуфт тору пуди ахлоќии ин рисоларо адлу инсофу эњсон ташкил медињад. Таълимоти ахлоќии Мирсаййидалї дар ин рисола бар асоси мукофот ва муљозоти амал дар рўзи ќиёмат бунёд шуда ва ин усул бар арзиши ахлоќию таълимї ва тарбиятии рисола ба дараљот афзудааст. Њамчунин дар ин асар ошкории мазмун, табиї будани баррасї ва фасењ будани натиљагирї ба гуфтори Мирсаййидалї љаззобияти бештаре бахшидааст.
کلیدواژهها English