نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Њарчанд мароми таълимоти асосии мутафаккири маъруфи Эрон ва тољику Њинд, Мирсаййидалии Њамадонї пуштибони фалсафаи тасаввуф аст, ашъори фалсафии ў аносири бисёр пурмазмуни диалектикиро низ дар бар гирифтааст. Аќоиди диалектикии Мирсаййидалї дар асарњои «Њафт водї», «Захиратулмулук», «Њалли мушкил», «Мир-отут-тобиъин», «Рисолаи дарвешия», «Авроди фатњия» ва дигар осори ў, ки теъдоди онњо то навад љилд мерасад, баён шудаанд. Дар ин маќола нигоранда пас аз баррасии аносири диалектикї дар теъдоде аз осори фалсафии Мирсаййидалї мисли «Њафт водї», «Авроди фатњия» ва «Захиратулмулук» ба ин натиља расидааст, ки вай дар назарияи диалектик аз вуљуд доштани панљ андоми њиссї, тарзи њосил шудани њисњо, дониши њиссї, моњияти дониш, таносуби дониши њиссї ва аќлї устуворона љонибдорї кардааст. Аз осори файласуф маълум мешавад, ки ў дар баррасии масоили номбурдаи раванди дониш бештар пайрави назарияи инъикос будааст. Ин таълимоти Саййидалии Њамадонї ўро ба сўи фалсафаи машшоъ рањсипор кардааст.
کلیدواژهها English