نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد علوم فلسقه
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирсаййидалии Њамадонї рољеъ ба табиати њайвонї, зиндагии иљтимої ва сиёсї, ахлоќу одоби одамиён андешањои љолиби таваљљуњ дорад. Андешањои эшон дар бораи ин мабоњис дар рисолањои «Захиратулмулук», «Одобулмашоих» ва «Макоримулахлоќ» мунъакис шудаанд. Дар ин маќола аќоиди иљтимої, сиёсї ва ахлоќии Мирсаййидалї бо такя бар осори ў мавриди бањсу баррасї ќарор гирифтааст. Аз тањлили вуљўњи гуногуни назариёти иљтимої ва сиёсии Саййидалии Њамадонї метавон пай бурд, ки ў дар сохтори аќоидаш аз таълимоти машшоиён бањра бурдааст. Аммо бояд таъкид кард, ки наќши Абўњомиди Ѓаззолї дар ташаккули љањонбинии ў, бавижа назарияи иљтимоию сиёсї ва ахлоќияш бисёр зиёд аст. Ў дар тањлили масоили иљтимої ба авомили биологї ва ахлоќї бисёр таваљљуњ кардааст. Вай дар хусуси пайдоиши давлат муътаќид аст, ки заминањои табиї боиси пайдоиши давлат шудаанд ва дар таълимоти иљтимої-сиёсияш низ монанди њамрўзгоронаш тарафдори давлати салтанатї аст. Мутобиќи аќоиди ў султон мураттиби њаёти љомеа аст ва тамоми фаъолияташ дар ин замина ба як љараёни муътадили оќилона ва одилона марбут аст. Аз баррасии андешањои иљтимоии Мирсаййидалї метавон ба ин натиља расид, ки ў аз муносибатњои мављуд дар бахшњои гуногуни њаёти иљтимої норозї буда ва ба њаёти љомеа ва низому тартиботи он аз нуќтаи назари аќл ва адолат ањаммият медодааст. Њадафи ў аз ироаи назарияи султони одил ва таваљљуњаш ба баробарии иљтимої ва инсондўстї низ бар пояи чунин андеша аст. Алии Њамадонї дар аќидањои иљтимої ва сиёсии худ ба се рукн–њоким, раият ва давлат таваљљуњи љиддї намуда ва андешањояшро рољеъ ба онњо дар осораш ба тарзњои гуногун баён кардааст.
کلیدواژهها [English]