نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد؛ دانشجوی دوره دکترای آکادمی علوم جمهوری تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бо њадафи шарњи ањвол ва осори Моњлароим мутахаллис ба «Макнуна» ва «Нодира», шоираи тољик, ба нигориш даромадааст. Тибќи маълумоти ироашуда дар манобеъи мухталиф, Макнуна дар соли 1791м ба дунё омада ва дар соли 1806м бо амир Умархон, њокими Марѓелон, ки баъдњо ба тахти хонї менишинад, издивољ кардааст. Њарчанд Умархон зављањои дигаре низ ихтиёр кардааст, ашъори Макнуна њикоят аз дилдодагї ва ишќу ошиќии миёни онњо дорад. Бинои ду мадраса, сохти корвонсаро, китобхона, мусоидати зиндагии ањли илму адаб ва... аз љумлаи корњои хайрест, ки Макнуна дар тўли њаёташ анљом додааст. Дар манобеъи адабї дар бораи кушта шудани шоира ривоёти гуногун вуљуд дорад. Аммо ончи мусаллам аст, ў ба дастури амир Насруллоњ ба ќатл расидааст. Дар заминаи мероси адабии Макнуна бояд гуфт, ки аз ин шоира ду девони ашъор, яке ба забон тољикї бо тахаллуси «Макнуна» ва дигаре ба забони ўзбакї бо тахаллуси «Нодира» бар љой мондааст. Девони тољикии ў њамакунун дар ганљинаи дастнависњои шарќшиносии Љумњурии Ўзбакистон нигањдорї мешавад, ки дар ин маќола тавзењи мухтасаре дар бораи вижагињои ин нусха зикр шудааст. Девони ўзбакии ў низ бо унвони «Девони Нодира» дар ганљинаи дастнависњои њамин институт мањфуз аст. Дар ашъори Макнуна аз осори адибони классики форсу тољик таъсири осори Саъдї, Њофиз ва Бедил дида мешавад, ки дар ин маќола ба бахше аз ин асарпазирї бо зикри намунањои шеърии ин шоираи тољик ишора шудааст.
کلیدواژهها [English]