نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мирзо Турсунзода, Шоири халќии Тољикистон, аз зумраи адибон ва суханваронест, ки ањволу осори ўро теъдоди зиёде аз муњаќќиќон ва суханварони тољик баррасї кардаанд. Дар ин маќола нигоранда пас аз баёни шарњи њоли мухтасар аз ин адиби тавонманд ба абъоди сиёсї ва иљтимоии зиндагии ў пардохтааст. Тибќи асноду мадорики мављуд Турсунзода њамеша дар љўши воќеањои сиёсї ва иљтимої ќарор дошт ва њамвора њамдаму њамнафаси халќи азизаш буд. Аз њамин рў, дар ашъори ў мавзўоти иљтимої љойгоње таъйинкунанда дорад. Достони «Номаи бинокорони роњи Душанбе-Помир» ва «Оби њаёт», ки бо њамќаламии теъдоди дигаре аз адибон ба нигориш даромада, мањсули мушоњидањои иљтимоии ўст. Осори дигари Турсунзода чун «Њамширањо», «Писари ватан», «Барои ватан» ва... моломол аз ањдофу ѓояњои ватандорї ва њифзи номусу шарафи инсонист. Турсунзода сафарњое низ ба кишварњои мухталиф доштааст. Маљмўаи ашъори «Ќиссаи Њиндустон» њосили сафари шоир ба Њиндустон аст, ки дорои бунёди ќавии гуманистї аст. Аммо аввалин сафари Турсунзода ба хориљ аз кишвар сафар ба Эрон будааст, ки дар њайати дастаи њунарии Љумњурии Тољикистон ба вуќўъ пайваст. Бинобарин бахше аз ашъори шоир низ мутаассир аз сафари ў ба Эрон ва тањти таъсири шуарое чун Саъдї ва Њофиз буда ва назирагўии ашъор ва тазмини абёти ин шоиронро ба дунбол доштааст. Бахши дигар аз фаъолиятњои Турсунзода иборат аз тарбият ва ба камол расонидани адибони љавон буд ва назми тољик ба сарпарастии ў вориди роњу равиши тозае шуд.
کلیدواژهها [English]