نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Носирљон Маъсумї, зодаи водии зарнисори Њисор ва аз зумраи адибон ва донишмандони ангуштшумори садаи бистум аст, ки дар пешрафти соњањои гуногуни илму фарњанги тољик наќше барљаста доштааст. Хидмати вай хусусан дар рушду такомули адабиётшиносї фавќулъода бузург аст. Чашмандози адабиётшиносии ў бисёр васеъ будааст ва даврањову масъалањои гуногуни адабиёти классик ва муосири тољикро дар бар мегирад. Њофиз яке аз шоиронест, ки Маъсумї ба ў ањаммияти вижа дода ва дар арзёбии ашъор ва тањлили андешаву аќоиди ў роњи миёна паймудааст. Адабиёти садаи 16-19 мелодї низ таваљљуњи ўро ба худ љалб карда ва бо тањќиќ дар ин давра китоби «Адабиёти тољик дар аср 17 ва нимаи аввали аср 19»-ро таълиф кардааст. Ў дар ин китоб ин нуктаро ба исбот расонда, ки дар асри њаждањум ва нимаи аввали асри нуздањум адабиёти тољик асосан дар Бухоро, Хўќанд ва Хева ривољ доштааст. Вай бо диќќати назар тавонистааст хусусиятњои њар яке аз ин доирањои адабиро нишон дињад ва намояндагони онњоро муаррифї кунад. Садриддин Айнї, Абулќосим Лоњутї ва Мирзо Турсунзода аз дигар адибоне њастанд, ки Маъсумї ба онњо таваљљуњ нишон додааст. Тањќиќ дар адабиёти рус ва пайванди равишњои тањќиќи адабиётшиносї ва забоншиносї аз дигар мавзўъоти мавриди таваљљуњи Носирљон Маъсумї будааст.
کلیدواژهها [English]