نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Адабиёти форсии сарзамини Њинду Покистон мањсули тафаккур ва эњсосот мардумони форсизабони Осиёи Миёна, Эрон, Афѓонистон ва халќњои бумии шибњи ќораи Њинд аст. Дар ташкили ин адабиёт сањми мардуми тољик бисёр назаррас аст. Ба далели шароити бавуљудомда дар ќарнњои 16-17 мелодї бисёре аз шоирон ва нависандагони Осиёи Миёна ба Њиндустон муњољират карданд, ки дар байни онњо намояндагони Њисори Шодмон низ кам набудаанд. Дар ин маќола теъдоде аз ин шоирони њисории муњољир ба Њиндустон муаррифї ва намунаи ашъори онњо зикр шудааст. Аз миёни ин шоирон метавон ба Ѓаюрии Њисорї, Ѓурбатии Њисорї, Мењнатии Њисорї, Њисории Чакнаї, Туфайлии Њисорї, Айшии Њисорї ва Фатњии Њисорї ишора кард. Нависанда дар поён бо таваљљуњ ба теъдоди зиёди шоирони њисории муњољир ба шибњи ќораи Њинду Покистон чунин натиљагирї кардааст, ки намояндагони илму адаби Њисори Шодмон, ки аз мулкњои умдаи аморати Бухоро будааст, дар рушди фарњангу адаби форсї дар сарзамини пањновари Њиндустон сањми басазо доштаанд.
کلیدواژهها English