نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
دانشیار دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
«Таърихи њумоюн» (1909м) асари Муњаммадсодиќи Гулшанї яке аз сафарномањои машњури тољик аст, ки њовии маълумоти љолиб ва нодире дар бораи аморати Бухоро ва марзњои тобеъи он аст. Ин асар аз нуњ маќола ташкил шуда ва ба тартиб дар зикри иёлатњои Бухорои шариф, Миёнкол, Лабиоб, Ќаршї ва Хузор, Шањрисабз, Њисор, Хатлон, Ќаротегин ва њукумати Дарвоз ва тавобеъи Ѓарм аст. Гулшанї дар ин асар дар бораи њар як аз ин мавзеъњо маълумоти љолиб ва мукаммал ба даст медињад. Вай дар асараш бештар ба баёни масъалањои марбут ба мавќеияти иёлатњо, шумораи љамъияти онњо, масофати роњ аз маркази вилоятњо то шањри Бухоро, мањсулоти асосї, аќвоми сокин дар ин иёлатњо ва касбу кори онњо ва... пардохтааст. Яке аз муњимтарин мавозеъи Бухоро, ки дар асари Гулшанї мавриди таваљљуњ ќарор гирифта, иёлати Њисор аст. Ў дар бораи ањолии вилояти Њисор маълумоти даќиќ додаву сокинони ин минтаќаро ба ду фирќа–тољик ва ўзбак таќсим кардааст. Гулшанї зимни ёдоварии пурљамъият будани водии Њисор дар бораи пешаи мардумон, теъдод ва таркиби ањолї ва аќвоми мухталифи сокин дар Њисор, тавобеъ ва дењањо, осори меъморї, ашхоси маъруфу обрўманди ин ноњия ва... ба тафсил сухан гуфтааст. Арзиши сафарномаи Муњаммадсодиќи Гулшанї ин аст, ки вай зимни боздид аз њар мавзеъе ањолї, касбу њунар, машѓулият ва умуман марзу буми он љойњоро муфассалу даќиќу мўшикофона ба риштаи тасвир кашидааст ва ин мавзўъ нишон аз босаводї, соњибкаломї ва диќќати назари ў дорад.
کلیدواژهها [English]