نویسنده
استادیار دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Топонимия илмест, ки рољеъ ба номњои мањал ва мавзеъњои ањолинишин бањс мекунад. Дар ин маќола, ки доир ба сарнавишти номњои љуѓрофии водии Њисор, яке аз мавзеъњои ќадимии тољикнишин ба нигориш даромада, бар асоси маълумоти асари «Таърихи њумоюн»-и Гулшанї дар ин бора изњори назар шудааст. «Таърихи њумоюн» асаре марбут ба ќарни нуздањум ва ибтидои ќарни бистум аст, ки муаллиф онро дар њашт маќола ба адади иёлоти Бухорои шариф тартиб кардааст. Унвони маќолаи шашуми ин асар «Иёлати Њисор» аст, ки дар он дар бораи вилоят ва навоњии атрофи водии Њисор (Душанбе, Ќаратоѓ, Регар ва...) бањс шудааст. Дар ин маќола пас аз тањлилу баррасии теъдоде аз номњои љуѓрофиёии ин водї, ки дар асари «Таърихи њумоюн» мундариљ аст, аз љумла Тирмиз, Хонаќоњ, Сурхон, Чангоб, ќалъаи Њисор, Сайроб, Дарбанд, Панљоб, Закмар, Шеробод, Дењнав, Сариосиёб, Ҳуфар ва... нигоранда ба ин натиља расидааст, ки дар ин асари гиронмоя, ки ба ќалами Муњаммадсодиќхољаи Гулшанї ба нигориш даромада, дар бораи мавзеъи Њисори Шумон ва ноњияњои тобеъи он маълумоти даќиќ оварда шудааст. Ин маълумот аз назари муайян кардани њудуди таърихї ва номњои љуѓрофиёї, зисту зиндагї, вазъи иљтимої, сатњи савод ва маърифати мардуми ин мавзеъ, ва дастёбї ба маводи зарурии таърихї, фарњангї, сиёсї, мардумшиносї, иќтисодї ва љуѓрофї бисёр њоизи ањаммият аст.
کلیدواژهها [English]