Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Тааммуле дар чароии бозгашт ба Бедил дар Осиёи Марказї (бозгаште аз рўи аљз ё иќбол аз сари ишќ?)

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Пажўњишгарони њавзаи адабиёт дар Осиёи Марказї, дар масири шинохти мероси адабї ва забонии ин минтаќа дар бозаи замонии нимаи дувуми садаи сездањум то нимаи нахусти садаи чањордањуми ќамарї/ нуздањум то авоили садаи бистуми мелодӣ1 бо падида‏и мунњасир ба ‏фарди фарњангї ва адабї бо номи Бедил (1054-1133ќ./1644-1720), ва таъсири бе‏чунучарои андеша, ќолаб ва сабки баёни ин шоири нозук‏хаёли форси‏сарои Њинд бар адибони форс‏у тољик ва ўзбек‏забони ин минтаќа мувољењ мешванд. Ин падида кам‏у беш дар ин сол‏њо дар миёни адибони њавза‏њои љуѓрофиёи Афѓонистон ва шебњи‏ќора низ дида ме‏шавад; Аммо шароит дар Эрон ба гунањ‏ои дигар буд ва адибони ин њавза  дар њаракати огоњона бо ишораи бузургони њалќаи адабї шаклгирифта дар Исфањон, аз нимаи дувуми садаи дувоздањум то авоили садаи чањордањуми ќамарї, шеваи салафи худро пеши чашм дошта, аз сабки мавсум ба «ҳиндӣ», ва шохањ‏ои эронї ва њиндии он ба парчам‏дории Соиби Табрезӣ (1000-1086ќ.?/1592-1676м.?) ва Бедили Дењлавї рух бартофтанд ва аз мероси шигарфи ин мактаб безорӣ љустанд. Дар бораи тафовутписанди муњит‏њои адабии ёдшуда, пажўњишгарони барљастаи адаби форсї, урду ва ўзбакӣ асарњои муњиммеро таълиф кардаанд, ки дар ин миён тањќиќоти Муњаммадризо Шафеъи Кадканӣ (т. 1318ш./1939) дар Эрон; Салоњ‏уддин Салљуќї (1275ё1275-1349ш./1895ё1896-1970) ва  Асадуллоњи Ҳабиб (т. 1320ш./1941) дар Афѓонистон, Абдуррауфи Фитрати Бухорої (мќт. 1937) ва Иброњими Муъмин‏оф (1908-1974) дар Узбекистон ва Садриддин Айнї (ф. 1954) дар Тољикистон хислати ягона дорад. Њарчанд њанўз њам дар бораи чароии ин тафовут гуфтани‏њо фаровон аст ва ниёз ба пажўњиш‏њои љиддї ва дароздоман эњсос ме‏шавад. Нигорандаи ин сутур дар се маќолаи људогона дар бораи Бедил ва бедил‏гарої дар муњити адабии Мовароуннањр дар садаи нуздањум ва авоили садаи бистӯм, бо мурољиа ба манобеъи дасти аввали кишварњои Осиёи Марказї раванди гароиш ба Бедилро воковӣ карда аст:  1. Худоёр, Иброњим. «Бедил‏гарої дар муњити адабии Мовароуннањр». Китоби моњи адабиёт ва фалсафа. С 6. Ш 12(72). С 47-57;  2. --------- «Садриддин Айнї ва Бедил». Пажўњиш‏њои забон ва адаби форсї. С 2. Ш 5. С 75-94;  3. -------- бо њамкории Ғулом Карим‏ов. «Фењристи китоб‏њои чопи сангии Бедил дар Мовароуннањр- Ӯзбекистон». Дониш. Ш 94. С 117-128.  Дар ду се дањаи ахир, тањќиќоти густардае дар муњит‏њои донишгоњї ва хориљ аз он дар бораи Бедил дар Эрон ба риштаи тањрир даромадааст. Натоиљи ин пажўњиш‏њо дар дигаргунии зоиќа ва писанди ањли адаби Эрон ба Бедил комилан муассир воќеъ шудааст. Ин рўзњо дигар Бедил дар миён эрониён шоири ноошно нест. Вай илова бар касби љойгоњи дархур дар пажўњиш‏њои донишгоњї, мояи дил‏машѓули‏и гурўњи чашмгире аз шоирони ним‏ садаи ахир, аз Сӯњроби Сипењрӣ (1307-1359ш./1928-1980) то Ҳасани Ҳусайнӣ (1335-1383ш./1956-2004) ва пас аз он дар миёни насли љавон‏тар, будааст. Њарчанд зоиќаи бедил‏пажӯњон дар Эрон, ба бедил‏гарої марсум дар ин њавзаи мутолиотӣ мунљар нашуд. Алоќаи ошиќонаи њам‏забононамон дар Афѓонистон ба Бедил достони дигаре дорад.  Садаи  бистум дар Осиёи Марказї, садаи шигифт‏ангез ва ибрат‏омўзе буд. Сароѓози истиќлол‏талаб, дар миёнаи роњ фурўхуфта дар домани Иттињоди Ҷамоњири Шўравии Сотсиалистї, ва дар поёни роњ дорои кишварњои мустаќил дар тарози љањонї. Дар оѓоз ин сада, дар ин минтаќа љунбиш‏њои озоди‏хоњї ва истиќлол‏талабӣ, ҳарчанд андаке дертар аз ҷунбишҳои машрутахоҳӣ дар шарқи дур ва Ховари Миёна, дар Ҷопон, Эрн ва Туркия, ба вуқӯъ пайваст ва ҷунбуҷӯши зиёде барои касби истиқлол аз ҳукумати Тезор ва Хону хонигарии    аморот‏њои Бухоро ва Хоразм аз худ нишон дод, дастоварди дархӯре  барои ин минтаќа надошт. Дар њамин давра, аз он љо кӣ њанўз низоми таълим ва тарбияти суннатӣ дар макотиб (мадраса‏њои ибтидоӣ) ва мадориси пешин (мадориси олї, донишгоњ) побарљо ва маводи дарсии онњо таѓйире накарда буд, њазорон тан аз толибони илми минтаќа аз њар ќавму нажод ва њар забону зоиќа, бо осори Бедил ва Ҳофиз2 ва Саъдӣ по ба дунёи доноӣ мениҳоданд. Чопхонаҳои фаровоне дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Хуҷанд, Бухоро, ва Хоразм бо чопи осори шоирони мавриди алоқаи мардум, онҳоро дар роҳи расидан ба дунёи дилхоњшон ёри мерасонанд. Њам аз ин рӯ буд, ки танњо дар фосилаи сол‏њои 1301-1335ќ./1883-1916 осори Бедил 54 бор ба сурати чопи сангӣ бо њадафи таъмини китоб‏њои дарсии ин манотиќ рўи чопро дид. Бо вуќўи инќилоби октябр 1917 ва ба дунболи он ташкили љумњури‏њои шўроӣ дар 1924 низоми таълим ва тарбияти ќадим аз байн рафт ва бо таѓйироти дигаре, ки дар соњати андеша ва зисти маънавии мардуми минтаќа рух дод, иќбол ба суннат, њарчанд яксара аз байн нарафт, њамонанди гузашта пурфурӯғ набуд. Дар поёни садаи бистум истиќлоли љумњури‏њои Осиёи Марказї, аз љумла Ӯзбакестон ва Тољикистон, дар соли 1991 фурсати бе‏назиреро дар ихтиёри ањли адаб ва њунари тољику ўзбек гузошт. Ин рўзњо бисёре аз фарњехтагони тољику ўзбек дар масири шинохти ниёгони худ гом нињод‏аанд ва бо оташи сер‏инопазир ба дунболи тањќиќ дар бораи суннат‏њои неки онон њастанд.  Дуруст аст, ки замон наќши муњимме дар соњати андешагии мардум эљод ме‏кунад ва дар љињат‏дињӣ ба писандњои онњо муассир воќеъ ме‏шавад, бозгашт ба мероси Бедил ва бозхони осори вай ва пайравонаш дар ин минтаќа, агар аз рўи шинохти амиќ ва дарки мавќеияти кунунии адабиёти ин минтаќа набошад, дур нест зиён‏њои бузургеро ба мероси адабии он ворид кунад. Дар ин љустор бино надорам андешаи Ањмади Дониш (1827-1897), Фитрати Бухорої ва Садриддин Айниро дар маќоми пешравони тарњи интиќоди назарияи бедил‏гарої ва офат‏њои он дар Осиёи Марказї такрор кунам. Аммо тарњи ин мавзўъ холи аз лутф нест, ки агар бозгашт ба Бедил ба маънии бозгашт ба сабку андешаи Бедил бидуни таваљљӯњ ба воќеият‏и рухдода дар матни адабї аз як су, ва шеваи зисти маънавии мардумон аз сўи дигар, дар ин минтаќа бошад, ба‏тардид абтар хоњад монд. Ман дўст дорам бозгашт ба Бедилро дар ин минтаќа бо иќболи њамешагии мардуми Эрон ва ин минтаќа ба Ҳофизи Шерозӣ баробар нињам. Бо ин маънї, бозгашт ба Бедил ва мероси вай дар Осиёи Марказї ва њар љои дигар, натанњо њељ зиёне надорад, балки паноњ бурдан ба домони донои дунёдидааст, ки таљрибњ‏њо ва бардошт‏њои ноби худро аз зиндагї ва печ‏ухам‏њояш, рангорангии њастиро бо њамаи талхи‏њо ва зебоињояш дар ихтиёри мухотабон ќарор ме‏дињад ва ононро дар паймудани роњ‏њои нарафта дастгирӣ ме‏кунад. Магар адабиёти воло вазифњ‏ои љуз ин дорад?!  Агар гуфтаи Арасту, донои Юнон, ро њанўз дар бораи вазифаи адабиёт, яъне лаззат‏офаринї ва ибрат гирифтан, дуруст бидонем- ва њаќ њам чизе љуз ин нест- бозгашт ба Бедил дар Осиёи Марказї, бозгашт аз рўи аљз нахоњад буд, балки онро бояд бозгашт аз рўи ишќ таъбир кард. Ин бозгашти ошиќона аст. Бинобар ин муборак аст ва моно. Бедил њамчун Рўдакї, Хайём, Фирдавсї, Саъдї, Ҳофиз, Ҷомї ва Соиб дар ќафаси танги замону макон боќи намемонад ва ме‏тавонад њалќаи васли дўстдорони андеша ва њикмати шарќ дар забони ширин ва ќомати фариштасони форсӣ дар густарае ба бузургии Эрон, Афѓонистон, Шабњ‏иќора ва Осиёи Марказї бошад. Ба гуфтаи Бедил:  Зин пеш, ки дил ќобили фарњанг набуд,  Аз печу хами тааллуќам нанг набуд.  Огоњи‏ам аз њарду љањон вањшат дод,  То бол надоштам ќафаси танг набуд.        Пайнавиштњо  1. Иќбол ба нусха‏бардорӣ аз осори Бедил дар Мовароуннањр дар сада‏њои 19-20 мелодї њайрат‏ангез аст. Дар фењристе, ки ба њамин манзур барои муаррифии осори ирфонӣ мањфуз дар махзани нусахи хаттии Абурайњони Берунии Тошканд (2000) тадвин шудааст, 612 нусха (аз шумораи 1049-1342) ба осор марбут аст.  2. Дар муќаддимаи яке аз чоп‏њои сангии девони Ҳофиз, ки ба шумораи 4311 дар махзани нусахи хаттии Абурайњони Берунии Тошканд нигањдорӣ ме‏шавад, дар бораи Бедил‏хонии кўдакон мактабхонњои Тошканд, пойтахти имрўзи Ҷумњурии Ӯзбакестон, навишта шудааст: «маълуми нозирони ин китоб буда бошад, ки аксари кўдакони мактабхона баъд аз хатми ин китоби мустатоб ба Мирзо Бедил ме‏дароянд [...]» .  3. Тае сол‏њои 1884-1917 яъне дар муддати 33 сол, девони Ҳофиз ё гузидаи ашъори вай 66 бор ба чоп расид, ки сањми Тошканд аз ин чопҳо 57 навбат аст.