نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Замони пайдоиши шеъри порсии дарї яке аз муњиммтарин мавзўъотест, ки њамвора мавриди таваљљуњи пажўњишгарони гузашта ва муосири арсаи шеъру адаби форсиї будааст. Дар китобњои «Алмуъљам фї маъойири ашъори-л-Аљам»-и Шамси Ќайси Розї ва «Лубоб-ул-албоб»-и Муњаммад Авфї нахустин гўяндаи шеъри форсї (порсии дарї) Бањроми Гўр дониста шудааст. Аз суханони Шамси Ќайс ва Муњаммад Авфї метавон дарёфт, ки аввалин касе, ки сухани порсиро манзум карда, аз адаби араб бархурдор буда ва шеъри тозї мегуфтааст. Ба ин тартиб, нахустин гўяндаи шеъри порсї парвардаи мактаби шеъри араб будааст. Бино ба ќавли нависандаи китоби «Таърихи Систон» Муњаммад ибни Васиф аввалин кас дар миёни аљам аст, ки шеъри порсї гуфтааст. Дар њамон китоб Бассоми Курд ва Муњаммад ибни Мухаллад ду шоири дигаре њастанд, ки намунаи андаке аз шеърашон оварда шудааст. Дигар шоироне, ки намунаи шеъри онњо боќї монда ва аз лињози замонї метавон онњоро љузъи аввалин гўяндагони шеъри порсии дарї донист, Њанзалаи Бодѓисї, Мањмуди Варроќи Њиравї, Абўсулайки Гургонї ва Фирўзи Машриќї њастанд. Аммо ќадимтарин намунаи сухани манзум ба забони порсї ќатъаи кўтоње аз «Суруди ањли Бухоро» аст, ки як навъ таронаи мардумї будааст. Ин сурудро Абдулњусайни Зарринкўб аз таълифи адабии Абўљаъфар Муњаммади Баѓдодї берун овардааст. Ин сурудњо дорои бунёди мардумї њастанд, дар њоле ки шеъри шоироне чун Њанзалаи Бодѓисї, Мањмуди Варроќ ва... намунаи сухани гўяндагони њирфаї аст. Нигоранда дар поёни ин мабоњис ба ин натиља расидааст, ки пайдоиш ва оѓози шеъри порсии дарї монанди њар падидаи иљтимої ва њунарии дигаре аз хусусияти замонї бархурдор ва дорои мароњили рушду тавсиа аст. Шеъри порсии дарї бо њунарњои мардумї ва суннатии пањлавии эронї ва дар марњалае муайян бо адабиёти араб пайванд доштааст.
کلیدواژهها [English]