Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Диранге боз бар масъалаи њуруфи алифбо

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Алифбои арабї, ки ба таъбире модари расмулхатти забонњои форсї, туркї, урду, курдї, пашту ва... аст, ќарнњост, ки дар шумори матрањтарин њуруфи алифбои љањон ба шумор меравад ва аз сўи шуморе аз аќвоми мусулмон ба унвони расмулхат баргузида шудааст. Дар ин маќола ба умдатарин истидлолњои тарафдорони таѓйир ва табдил расмулхатти арабии забонњои туркї, форсї ва... ишора шудааст. Норасої ва адами таносуби алифбои арабї, суубати алифбои арабї, бегонагї, полоиши алифбои арабї, полоиши забон аз вожагони бегона, тасњил ва таъмими омўзиши забонњои коромад ва лотин будани алифбои роёна муњимтарин истидлолњои баёншуда аз љониби тарафдорони таѓйири хат њастанд. Нигоранда далоиле дар посух ва радди ин истидлолњо баён дошта ва ёдовар шудааст, ки бар фарзи сињњат ва ќуввати тамоми истидлолњои мазкур ва бар фарзи ѓалат ва заиф будани тамоми далелњое, ки дар посух ва радди ин истидлолњо гуфта шудааст, њазинаи бењисоб, гусасти фољиабор ва осеби бетармиме, ки таѓйир ва табдили алифбои исломї бар тамаддун, фарњанг, таърих ва пешина, њувият, мероси мактуб, забон ва адабиёт ва шахсияти мардумони сарзаминњои исломї тањмил мекунад, ин амрро зиёновар мекунад. Дар поёни маќола низ ёддоштњои муртабит бо мавзўъ аз се фарњехтаи мусулмон аз чанд насли мухталиф, яъне Муњаммадномиќ Камол, Сайидтоҳо Афандї ва Алии Шариатї, ки даъват ба таѓйир ва табдили алифбои исломиро дарк кардаанд, зикр шудааст.
Keywords