نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Дар ин маќола нигоранда ба шарњи сафари худ ба Эрон дар ифтитоњияи нахустин Анљумани шоирони љањон ва Эрон ва табйини барномаи анљуман дар ин сафар пардохтааст. Нигоранда дар хилоли матолиб ба муносибати ташрењи љузъиёти сафар, рољеъ ба адабиёти классики Эрон низ батафсил сухан гуфтааст. Ба гуфтаи ў, ин анљуман дар кохи «Вањдат»-и Тењрон бо њузури Раиси љумњур ва дигар масъулони фарњангї ва адабии Љумњурии Исломии Эрон ва бо ширкати 51 шоир аз 38 кишвари љањон ва низ теъдоди зиёде аз шоирони саросари Эрон баргузор шуд. Идомаи барномаи анљуман дар Китобхонаи миллї буд ва мењмонон бо низоми китобхона ва бахшњои мухталифи он ва низ осори мањфуз дар он ошно шуданд. Субњи рўзи баъд маљлиси шеърхонї дар Донишгоњи Тењрон баргузор шуд ва чанд тан аз мењмонон ва шоирони эронї дар њузури устодон ва донишљўён шеър хонданд. Барномаи баъдї сафар ба Исфањон буд. Дар ин шањр низ маљлиси шеъре дар толори «Фаршчиён» баргузор шуд. Идомаи барномањои анљумани «Шоирони Эрон ва љањон» дар Шероз буд, ки дар охирин рўзи он маросиме дар донишгоњи адабиёт ва улуми инсонии Шероз баргузор шуд ва баъд аз он мењмонон ба дидори Тахти Љамшед рафтанд. Ихтитоми барномањо низ дар оромгоњи Саъдии Шерозї буд.
کلیدواژهها English